Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

баланд ба ӯ шунавонда як рубоии таънаомез хонда буд, ки Олимхон саросема роҳи гурезро пеш гирифт. Он рубоӣ дар хотирам мондааст:

Бунёди ватан хароб аз дасти ту шуд,
Миллат ҳама масти хоб аз дасти ту шуд.
Аз ғояти ҷаҳлу ғафлату беҳунарӣ
Ин ҳастии мо хароб аз дасти ту шуд.

Дарвешнамо боз шеър хонданӣ буд, ки полис омада одамони ҷамъшударо пароканда кард. Маротибаи дувум дуртар аз манзилгоҳаш Қалъаи Фату, дар соҳили рӯде дидам. Ман намедонистам. Ҳамроҳе доштем бухороӣ. Ҳамон гуфт, ки ин марди дар соҳили рӯд нишаста собиқ амири Бухоро Олимхон аст. Баъзан ин ҷо омада шеър менавиштааст. Бештари шеърҳояш дар ҳаққи Бухоро будаанд.
– Касабаи ёфтаашро бинед, — гуфт Кӯчибой бо истеҳзо. — Ҳамаи ин муллою беку амирҳо ба шеъргӯӣ усто! Аз ин зиндагии беномунонашон дар майдони ҷанг мемурданд, хуб буд. Авлоди оянда ба некӣ ёдшон мекард.
– Ҳаққи гапро гуфтед. — Мансур бо табассум ба рӯи мусоҳибаш нигарист.
Ҷовид охири ҳафта ба хона омад. Ҳоло кору кораш Қӯрғонтеппа аст, котиби комсомол. Як газета ба Кӯчибой, якто ба падараш дод. Он ҷо сурат ва суханҳои ӯро дар митинги мотамии Чернов ҷой додаанд. Он замонҳо баромадани сурат дар газета як воқеаи фавқулода ба шумор мерафт. Газета даст ба даст гашт, ба хонаҳои ҳамсояҳо ҳам рафта омад ва Мансур ӯро барои хотира гуфта ба ҷайбаш гузошт.
Мансур дар ду рӯзи истодааш мушоҳида кард, ки корҳои ҳукуматӣ Ҷовидро ҷавони ҷиддӣ ва ҳозирҷавоб кардаанд. Ба кораш сахт дилбастагӣ дорад. Ва ҳамзамон аз чашми кордидааш дур намонд, ки ба занаш бемеҳр аст. Ин ҳолат хавотираш кард.
Ҷовид хост ҳамроҳи падар то соҳил рафта гуселаш кунад, ки Мансур намонд. “Ҳоло об калон аст, Кӯлоб рафта, аз гузаргоҳи Чӯбек бо паром мегузарам” гуфт.
Ҷовид давоми нӯҳ соле, ки падараш ба Афғонистон равуо дорад, нахустин маротиба ба ҷудогиаш бепарвоӣ ҳис кард. Балки хурсанд шуд, ки ба кораш дер накарда мерасад.

Мансур дар Янгиқалъа роҳи гузар ба хонаи ошнояш Ғуломҳайдар даромад, то ки шаб он ҷо дам гирифта саҳар ба роҳ барояд. Ғуломҳайдар аз ин вохӯрӣ хурсанд шуда гуфт, ки як ҳафта шуд шуморо мекофтам, дар ин тарафҳо наёфта акнун ҷониби Шӯравӣ гузаштанӣ будам.
– Дилам хабар дод, ки маро мекобед, - хеста омадам, - гуфт Мансур бо шӯхӣ ва ба чеҳраи сергушти Ғуломҳайдар зеҳн монда андешид, ки ду-се соли охир рафиқаш пир шудааст. Нигоҳаш ҳам он тобишу таъсири пешро надорад. Аз афташ, сол ки рафт, дигар на пул на чизу чора ёрӣ намекунад.
– Боз се моҳ ҳамроҳ кор мекунем. - гуфт Ғуломҳайдар. - Дару тирезаҳои чойхонаи куҳнаро нав кардан лозим. Ёрдамчӣ Юраи ошноятон. Мо ӯро Юсуф мегӯем. Лекин ин дафъа касбатона ёдаш диҳед. Ҳаққи устодиатонро худам медиҳам.

пешина
аз 613
навбатӣ