Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

оҳиста қадам монда рафт, ки меҳмонҳо ақаллан пиёлаи чояшонро нӯшанд. Чашмаш ба шавҳараш, ки дар паси танурхона сарашро намоён карда буд, афтод. Нисбат ба ӯ нафрати бепоён ҳис кард. Амакашро, марди номдори оламро, бо дурӯғу даго оварда ба рӯҳҳо супорид! Иснод овард ба ҳамагон, ба фарзандон...

Овози так-таки дарвоза баландтар шуд.

– Рафтам! – Овоз дод зан. Вале ҳамчунон оҳиста қадам мемонд. Хушу ёдаш бештар ба меҳмонҳо буд. Баробари дарвозаро кушодан панҷ нафар камондорҳо вориди ҳавлӣ шуданд. Ду нафар аз ҷониби девори паси ошхона даромаданд. Баъзеашон либоси низомӣ доранд. Дар берун дар атрофи ҳавлӣ ҳам камондорҳо намоёнанд. Ин қадар бисёранд, лошахӯрҳо барин. Кай омаданд? Шавҳари зан Куҷар ҳам аз паногоҳ баромаду ҳамроҳи камондорҳо сӯи меҳмонхона рафт. Се нафар нӯги камонҳоро аз дар дарун кардаю яке бо овози ғафс ва бо таҳдид гуфт: – «Иброҳимбек, зиддият накарда баро, атроф муҳосира аст!» Иброҳимбек зиддият накард. Ҳардуро бо дастони баста берун карданд. Баъдҳо Иброҳимбек чанд бор ин лаҳзаҳо бо алам ёдоварӣ карда мегуфт, ки «Кош, ҳамон лаҳза Куҷарро мепарондам.» Аммо дар ҳавлӣ фурсат ёфта як сухани заруриро гуфт: «Куҷар, хат намекардӣ, ман асло ин тараф намеомадам. Мегаштам дар ватани бегона. Падарат ҳам як шайтони гадосифати лаънатӣ буд! Худат аз он муртад бадтар будай!»

Ин воқеа баъди се моҳе, ки Исмат полвон паш-пеш шуда, як гурӯҳ гурезаҳоро «ба ватан меравем» гуфтаю оварда ба зери тир монанд, рӯй медиҳад. Ҳоло бошад, бештари мусофирон аллакай ба об даромадаанд. Об дар ин мавзеъ паҳн шуда меравад. Аз дур ин ҷо мисли як саҳрои васеъи пуробест, ки ҷое хушк будаю дарахтҳо дорад. Нурҳои офтоб ба об зада чашмро мебарад. Об ҷое то бучулаки по, ҷое баландтар меояд. Баъзе шохобҳои мобайн то зону ҳам ҳастанд. Гурӯҳе, ки бо зану кӯдакҳояшон омадаанд, онҳоро ба харҳо савор кардаю аз поргиҳошон доштаю ҳаёҳӯй доранд. Марди дарозболое, ки сарашро нав тарошидаю тоқӣ дорад, ду духтаракони кокулбофтаро бардошта болои хар монду пойҳошонро даруни хурҷин зер кард. Духтарҳо аз кори падар механданд. Се нафар зан бари ҷомаҳоро барзадаю дасти ҳам дошта, бисмиллоҳ гуфта ба об даромада асозанон мераванд. Ҳама мӯзаҳои керзӣ пӯшидаанд. Ҳоло дар дуконҳои сарҳад чунин мӯзаҳоро арзон харидан мумкин аст. Дар байни онҳо зани сурхрӯи доирабадаст ҳам ҳаст. Ӯ доираашро аз даст намемонад. Чунин ба назар мерасад, ки доира занро болида медорад. Байни харҳо чор-панҷ ушутур ҳаст. Дар пушташон қанорҳои пурбор доранд, гарданро баланд бардошта ба кӯҳҳои он сӯйи об нигоҳ карда, оҳиста ва ғурурманд қадам мениҳанд.

– Хуб, ки ҳоло об калон нашудааст,- мегӯяд Низом - махдум ва ба одамони атроф зеҳ монда оҳиста меравад.

Мансур дар чеҳраи рафиқаш дудилагӣ ва осори ташвишро пай бурдаю дили хударо низ изтироби мағшуше фаро гирифт. Фикр кард, ки яқин чунин ҳиссиётҳо ҳама сафаракиҳо доранд. Аммо бо қувваи ирода аз болояш қадам ниҳода, пеш меравад. Мисле ки дар шаби торики пурбим ба ҳавои по қадам мениҳӣ. Аз болои шохҳои дарахте, ки дар замин хобанд, гузашту ба дилаш омад, ки нӯҳ сол ба ин роҳ равуо дошта натарсид, акнун метарсад. Ӯ ин фикрҳоро аз сараш дур карда, рӯймоли нонбастаро аз дасти Низом - махдум гирифт. То ки

пешина
аз 613
навбатӣ