Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман бо калонҳо маслиҳат кардаю гапро пазондам. Маро зомини ҷони хеш донед. Бо дили пур биёед.»

Иброҳимбек ба нома чандон бовар надошт. Аммо ҳангоме ки дарёро гузаштанд, он нома ягона муттакои дилаш шуд. Гоҳе гузаштаи пуршӯру шарарашро пеши назар оварда, дилаш хунук мешуд. Бовараш намеомад, ки ӯро рӯи хуш диҳанд. Гоҳе умеди содалаҳвонае ба дилаш меомад, ки шояд марди ғозӣ гуфта, худаш бо сари хам омадааст гуфта, рӯи хотир кунанд. Ба ҳар ҳол дар чанд рӯзи охир, ки дар байни маргу зиндагӣ қарор дошт, ҳамин нома умеди наҷоту тасаллояш буд.

Писарамма худаш набаромад. Дар кунҷе пинҳон шуд. Ӯ ва одамони ОГПУ аз лаҳзае, ки Иброҳим аз дарё гузашта буд, ҳар қадамашро зери назорат доштанд.

Зани Куҷар меҳмонҳоро пазирой карда гуфт, ки шавҳараш се рӯз пеш ба Душанбе рафта буд. Аз пайи кори ҳукумат роҳӣ карданд. Бояд имрӯз ё пагоҳ биёед. Дар чеҳраи зан тарс ва ҳиҷолатмандӣ аён аст.

Иброҳимбек аз хори ҳайрату истироб дар ҷояш шах шуда монд. Чун дар чанд соли охир ҳодисаю воқеаҳо ва бархӯрд бо ҳар гуна одамон таҷрибадораш карда буданд, фаҳмид, ки зан сухани шавҳарашфармударо гуфт. Ӯро осон ба дом афтонданд. Бод роҳи халоси ҷуст. Вале дигар роҳи халосӣ нест. Вуҷудашро тарс фаро гирифт. Он ҷангу ҷӯшу ҳангомаҳое, ки дошт, ба якбор ҳама ночиз ва беқадр намуданд. Он умеду ҳавасҳое, ки ба Амир Олимхон дошт, унвонҳои дурӯғин, ки аз сараш рехтанд, ходими дин (дина надонад), тӯпчибошӣ (тӯпа наздикиш нарафтааст), ғозӣ (ғозии гӯр) - пешво... Гапи аҳмақӣ. - Ки ин гапҳоро баровард? Ҳамон одамони ин гапҳоя ёфта бароварда чинӣ, чоплус, чоплус, хокбӯсу фиребандаанд... Дар ин лаҳза ҳамаи ин унвонҳо нафраташро оварданд. Ба назараш намуд, ки русҳо аз паси ҳар дару девор сӯяш камон рост кардаю ба ҳолаш механданд ва инак хеста муҳосирааш мекунанд.

Зани писарамма ҳам ба як нигоҳ пай бурд, ки Иброҳимбек мисли аспи масти хатокарда, хуб тохтаю хасташуда, гуруснаю шалпар шуда ба манзилаш баргаштааст. Нӯги риши сурхаш сафедӣ овардааст. Лабонаш парсин бастаю лаби поён мисли табхол захм дорад. Лекин ҳанӯз неруманд, ғуруру салобаташ побарҷост.

  • Дароед, нони гарм пухтам. Чой нӯшед, яке ҳозир меояд. - Зан аз Иброҳимбек чашм намеканад.

Иброҳимбек замини тағи пояшро ҳис намекард. Дар ҷисму ҷонаш як вазнинии ланзкунанда нишастааст. Яке нигоҳи ҷиянаш Эшонкулро ҷонибаш диду худро ба даст гирифт ва пойҳои вазниншудаашро бардошта гӯй дилубедил хона даромад. Арақи аз шонаҳояш баромадаю ба ҷоки ақибаш шоридаро ҳис кард. Андешид, ки магар каси ақлманд ба як парча коғази бекурб бовар мекунад? Дар ҳафт соли бо большевикҳо ҷангиданаш афроди пасту ноодам буданашонро борҳо дида буду боз аз онҳо умеди авф кардааст. Аз ғояти ғазабу нафрат нисбат ба худаш дандонҳояшро ба ҳам фишурд. Ҳис кард, ки даҳонаш қок шудаю як балғами талх дар комаш часпидааст. Зӯр зада онро фурӯ бурд.

Зан нав чой овард, ки дарвозаро бо шиддат тақ-тақ заданд. Ӯ донист, ки шахсони омада кистанд. Аз дилаш гузаронд, ки дарвозаро маҳкам накарда буд. Маълум мешавад, ки меҳмонҳо ворид шудаю занҷирро даровардаанд. Қасдан

пешина
аз 613
навбатӣ