Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

борашро сабук кунад. Ҳарду рӯймолро ба як даст дошта, пеш гузашт. Ба назараш намуд: оби шохобе, ки аз ӯ мегузаранд, калонтар ва тираранг шудааст. Резаҳои баргу хасу хошокҳои дар тешуқию пастиҳо мондаю сиёҳшуда ҳамроҳаш меоянд. Фикрҳои аввала ба сараш омаданду ба онҳо ҷавоб гуфт: «Мансур дар нӯҳ соли гузашта аз он сабаб наметарсидӣ, ки пинҳон равуо мекардӣ. Ҳоло ки он тараф ҳама бохабару интизор, аз ин рӯ изтироб дорӣ. Боз аз ин рӯ хавотирӣ, ки намедонӣ ҳамроҳонат чӣ гуна одамонанд». Ба гӯшаш овози Низом-махдум даромад. «Шумо ба ҳамроҳ нигоҳ намекунед?»

Мансур дар ҷойи камобтар истода, ба атроф нигарист. Ба ёдаш омад, ки зимистон дар ин ҷойҳо об намемонад. Дарахтони пада, ки нав барг баровардаанд, баъзе шоҳҳояш рост баромада, баъзе рӯи замин паҳн шуда рафтаанд. Ҷо-ҷо хорҳои сершохи зориҷ (зирк), соплик, буттагул бисёр аст. Понздаҳ-бист қадам поён об бештар паҳн шуда меравад. Халқи бисёре бо аспу астарҳошон паҳнобро убур доранд. Ҳаркорҳо дема аз ҳаёҳӯй ором намешаванд. Дуруст мекунанд, суст ки мондӣ, ин муғамбирҳо аз алафҳои тоза даҳон намекананд. Марди сараш тарошидаи тоқидор, харашро, ки дар он ду духтараконаш саворанд, халачӯб кардаю аз ду-се нафар пеш гузашт. Зани логарандоме, ки хари сафедеро савор асту дар пас духтарча ҳам дорад ва як пои духтар луч аст, харашро ҳадаҳа дорад, ки аз марди сараш тарошида ақиб намонад. Пештар аз онҳо харе назди дарахте пойҳояшро паҳн карда, шоша мекунад. Аз пас дигаре саросема расида пойҳояшро паҳн мекунад. Саввумӣ ҳам он ҷо шитоб мекунад, ки соҳибаш ӯро сахт задаю тела карда, аз онҳо мегузаронад.

Низом-махдум наздик шуда, ба ақиб ишора кард:

  • Исматро дидед? Худаш аспсавору моро намонд.

  • Сиҳату саломат гузарем, бе асп хуб,-Мансур нигоҳашро аз одамони атроф намеканад ва саросема нашуда қадам зада илова кард.-Мӯзаи урус роҳати ҷон-куя. Аслан хунукиро ҳис намекунӣ.

Онҳо ба ҷазираи калони миёнабайн баромаданд. Ин ҷазира ба қади дарё дароз будаю аз панҷ-шаш гектар ҳам зиёд аст. Он ҷо ҳашт-нӯҳ хонаи сангин ҳам ҳаст. Дарахтони мевадор ҳам дорад. Чормагзу чӯбдона бисёр ҳаст. Солҳое, ки обхезӣ набошад, одамон ин ҷоро ҳамчун овул истифода мекунанд. То танги тирамоҳ истиқомат мекунанду дарё ки паст шуд, баргашта мераванд. Ҷазираро, ки гузаштанд, дашту теппаҳои сабзшудаи он сӯйи соҳил барҷало намудор шуданд. Дар паси найзор ва роҳи калон замини нав ҷуфт карда ҳаст. Дарахтони атрофи заминҳо баъзе гули сафед, баъзе гули сурх доранд.

  • Гулҳои ватан дигаранд,- Низом - махдум ба ваҷд омадаю нигоҳашро аз дашту дамани ватан намеканад:- Ба назарам менамояд, ки то ҳол дар замини ҳамсояи амонат будаму акнун ба боғи худам мегузарам.

Мансур ба чеҳраи рафиқаш нигариста дар он шодии беинтиҳоро мушоҳида карда ва ба дилаш омад, ки кош сиҳат - саломат ба ватан рафта зиндагиашро осуда гузаронад. Ва ҳамзамон пай бурд, ки ҳар чи қадаре, ки ба соҳили худашон наздик шаванд, изтироби дилаш меафзояд. Мисли сатиле, ки об рехтаю то рафт баланд мешавад. Худашро ором вонамуд карда пурсид:

  • Раҳими ҳамсоятон наомад?
пешина
аз 613
навбатӣ