Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Шумо ҳам дар рӯихаташон будаед-дия? – Ба хотири Мансур ба таври асроромез куштану зиндон кардани сардастаҳо омад.
Зариф ба тасдиқ сар ҷунбонд ва лабханд карда гуфт:
– Аз ҳамон рӯзе, ки ҳаваси истиқлолиятхоҳию тараққиххоҳӣ кардаю Тошканд рафта ба Шӯрои Исломӣ ҳамроҳ шудам, дигар рӯзи хуш надидам. – Ӯ оҳ кашида ба ишораи “Дар ин бора гап намезанем” даст афшонда, ҷониби Шарифхон афзуд: – Хайрият ин бародар дар хонаашон ҷой кардаю як муддат берун рафтан намонданд. Аввал Худо, дувум сабаби зинда моданам ҳамин кас шуданд.
– Ин гуна донишманду паҳлавонро куштан номардӣ мешавад, – Шарифхон синчакорона ба рӯи Мансур нигарист.
Зариф нигоҳашро аз рӯи Мансур наканда ба суханаш идома дод:
– Салим паҳлавона паронданд медонед? Се нафар бо камон хонааш меоянд. Дарвозаро шикаста даромада мардака мепаронанд, ман ба ҷанозааш нарафтам. Тарсидам, ки маро ҳам напаронанд.
– Ман рафтам. Писараш он ҷо буд.
– Баъд писарашро дидам, – гуфт Зариф – ва маҷбур кардам, ки ба ватан равад. Умри мо бо хорӣ гузашт – гуфтам. Ҷавонҳо илоҷе карда ба ватан равед.
Мансур ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд. Ӯ аз рафиқаш чашм намеканад: мӯяш сафед шудааст. Мӯйлабаш, ҳатто абрӯю мижаҳояш сафед шудаанд. Ба гуфти фирориҳо, Афғонистон ба сарурӯи Зариф орд задааст. Чеҳраи як замон мисли оташ тобонаш хомӯш ва пажмурда. Ҳамаи фирориҳо ҳамин ҳолатро доранд. Рӯҳи бисёриҳо шикастаанд.
– Акнун чӣ ният доред? – пурсид Мансур.
– Ба Эрон меравам, – гуфт Зариф. – Он тараф насиб чӣ бошад...
Мансур ҳис кард, ки Зариф гуфтаниҳои зиёд дорад. Вале ин ҷо вақту соати қиссагӯй нест, нигоҳашро наканда гуфт:
– Мефаҳмидам, ки ин ҷо ҳастед, кофта меёфтам. Лекин ман ба зудӣ бармегардам.
– Боз барои чӣ бармегардед? – пурсид Зариф.
– Аз ду нафар музди корамро нагирифтаам.
– Анде, ки ба ватан рафтеду ёру дӯста дидед, ин пулҳоро садқаи сар мекунед.
Мансур дид, ки Низом маҳдум ӯро интизор аст, саросема шуда, “ақаллан дидани шумо меоям” гуфт.
– Иншоаллоҳ, саломат гузаштеду вақт ёфта ба Самарқанд рафтед, аз модари пирам хабар гиред. – Зариф дасти Мансурро ба қафаш гирифт. Чашмонаш пурашк шуданд. – Гӯед, ки саломат аст. Гӯед, ки дар ҳаққам дуъо кунанд.
Мансур ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонд. Дили худаш ҳам пуралам шуд. То ки ашкаро нишон надиҳад, ба зӯрӣ табассум карда аспашро нӯҳтакаш карда рафт. Ин беватанию ғарибӣ рӯҳи бисёриҳо шикаста буд.
Низом маҳдум омадани Мансурро дида аспашро ба Камолҷон дода, худаш пеш гузашт. Ба соҳил фуромаданд: ҷое сангоб аст, ҷое қум ва реги намдор. Ҷое хорҳои бутташакл нав барг давондаанд. Мусофирон ҳар ҷо гурӯҳ-гурӯҳ бо овози баланд ҳамдигарро мепурсанд. Ҳоло, ки ҷамъ омадаанд, аз ҳузури якдигар шоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор