Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Абдулло, ту ҳам дар ҳамин ҷо? Чӣ хуб кардӣ, омадӣ!
– Эҳ, акаи Сафар ҳам омадед! Дукони оҳангариатон барҷой аст? Алҳол ба касе надиҳед...

– Не, намедиҳам! Ку, рафта ватанро бинем, чӣ ҳол дорад?
Сафаракиҳо баъзе ҷома дар китф дар лаби дарё таҳорат мекунанд, баъзеҳо бехи хореро ҳамвор кардаю рӯймол партофта, намоз мехонанд. Ниёиш доранд, ки Парвардигор сиҳату саломат ба ватан бирасонадшон. Мансуру Низоммаҳдум низ зуд таҳорат кардаю ҳамвориеро интихоб карда ҷомаҳоро партофта “ду ракъат намози қазо” гуфта хонданд: Низоммаҳдум бо овози баланд дуо кард: “Меҳрубони Баланд, мо ба дилпурии худат сафари ватан пеш гирифтем: Эй соҳиби дилҳо, худат медонӣ, аз паи беҳбудӣ шудему ба чӣ хориҳо афтодем. Бандаи осӣ нодон аст. Гуноҳи моро бубахш ва ба дили душманонамон меҳрубонӣ бифирист”. Баъд онҳо фаҳманд, ки мо на ба кину душманӣ, ба мадоро омадем.

Аз байн панҷ-шаш дақиқа гузашту гурӯҳе тахмин сӣ нафар бо зану кӯдакҳошон теппаро нишеб шуданд. Занҳо ҷомаҳои рангубаранг ба бар доранд, мисле ки рӯзи ид бошад. Ду нафар занҳои қадбаланд дар даст доира доранд. Шояд ба ватан доиразанон мераванд? Як гурӯҳ мардон, ки саллаву ҷомаҳои фарсуда доранд, назди соҳил ҷамъ омадаанд ва ҷомаҳоро то миён бар зада, аллакай тараддуди ба об даромадан доранд. Аксар мӯзаҳои соқбаланди русӣ доранд. Инҳо фарғонагиҳоянд, деҳқонони чоряккор. Мансури гоҳӣ сафар як-як онҳоро дар заминҳои атрофи Қундуз машғули кор медид. Ду-се маротиба ҳамроҳашон нишаста ҷурғот хӯрдааст.

Исмат Полвон аз дур Низоммаҳдумро дида, аз одамоне, ки иҳотааш карда буданд, ҷудо шуда омада гуфт:
– Акаи Махдум, маслиҳат кардем, ки аспҳоро монда меоед. Он сӯ гумон накунанд, ки босмачӣ меояд, – ва механдад.

– Чӣ кунем? Аспҳоро монем? – Низом маҳдум ба Мансур рӯ овард.
– Гуфта бошад, мемонем. Болшевикҳо ба одами доро хуш надоранд. – Мансур ба думи чашм ба Исмат Полвон нигоҳе андохта, пичирос зад:
– Ду сол пеш дида будам, рангурӯйаш басалобат менамуд. Ҳоло мегӯӣ, чароғаш мурдааст. Нигоҳашро мегурезонад.

– Рост, баъди маҳбас одами дигар шуда баромад. Лекин чӣ гуна баромад, номаълум.
– Вақти маслиҳат пурсидед, ки худаш ба он тараф гузаштаю корро пазондааст?

– Пурсидам, ба он тараф нарафтааст. Лекин дар Янгиқалъа бо намояндаҳои Шӯравӣ ду маротиба вохӯрдаю маслиҳат кардаанд. – Намояндаҳо дар Янгиқалъа бо гурезаҳо ҷамъомад гузаронда, гуфтаанд, ки “то дар шаҳри кас шоҳ шудан гадои шаҳри худ бош” гуфтанд. Шумо ба ватанатон баргардед. Касе пишакатонро пишт нахоҳад гуфт. Ва ҳам изҳор кардаанд, ки заминҳои худатон бекор хобидаанду шумо ин ҷо ба замини касон зор шуда гаштаед. Ҷанг буд, нофаҳмиҳо буд, гузашта рафтанд. Акнун биёед, гуфтаанд. Ҳамин қадар гап, дилпур ё нодилпуриашро нафаҳмидам.

пешина
аз 613
навбатӣ