Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Дар атрофи шеърхонҳо торафт одамон зиёд мешаванд. Баъзе оби дида мекунад.
Мансур фикр кард, ки тахаллуси шоирро Хубӣ гуфт. Инҳо рубоёти ҳамон Хубии дар Толиқон, дар дукони шиносаш Бадриддин вохӯрда мебошанд. Рафиқаш гуфт, ки шеър ба касе лозим нест. Лозим будааст-ку. Мардум шеъратро азёд мекунанд, мехонанд, дигарҳо ба ҳавас гӯш мекунанд, дилашон як лаҳза бошад ҳам, тассалӣ меёбад. Ин ҳам кори саҳл нест. Бахусус дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз шеър маҳраму маҳбуб аст, на қиссаву афсона.
Аз рӯбарӯи бозор гузаштанд. Бозор чун ҳамеша серодам аст. Овозашонро баҳузур мешунавӣ. “Оби наботи Бухоро! Бори шӯравӣ!” Аммо аз пеши назари Мансур чеҳраи Ҳасани Чароғ дур намеравад. Гашта-гашта ба худ савол медод: чаро як одами номдори Самарқанд ба чунин рӯз афтодааст? Гадои кӯча: на шарм, на номус, ҳамёни холӣ шудааст. Каси қаноатдошта асло ин корро намекунад ва ин дам ба худ кашфиёте кард: “Ин ки аз хурдӣ калон хӯрда омадааст, ба чизи кам қаноат карда наметавонад”.
Онҳо ба болои теппаҳои назди соҳил омаданд.
Аз баландӣ якчанд пайраҳа ҷониби соҳил мефурояд. Аллакай дар поён мардуми зиёд ҷамъ омадаанд. Ду-се гурӯҳ занҳо ҳам ҳастанд. Дар ду ҷониби пайраҳа гиёҳҳо ва буттаҳои ҳарранга, баъзе гул кардаю баъзе нав ба гул омадааст. Ҳавои лаби дарё, ки рутубатнок аст, ба ин сабаб гиёҳҳо ин ҷо дертар “хушёр” мешаванд. Мансур мушоҳида кард, ки болои кӯҳҳои тарафи худашон абрнок асту осмони ҷониби Афғонистон кушода. Дар пайраҳаи онсӯтар се нафар сӯҳбат доштанд. Мансур он ҷо Зарифпаҳлавонро дида ҳайрон шудаю саросема аспашро ба ҳамон сӯ бурд. Зариф ҳам ӯро дида шитобон ба сӯяш омад. Ҳамдигарро оғӯш гирифтанд.
– Иншоолло, ҳамроҳ ба Самарқанди қанд меравем, - Мансур рӯяшро ба рӯйи Зариф гузошта, аз эҳсоси таассуроти дидори ошно дилаш ҳам лабрези ризқат шуд, ҳам мисле ки ба сафари пешоянд дилпурӣ ҳис кард.
– Маро дар ҳамин ҷо намедиҳанду чӣ расад ба Самарқанд! - Дар пешонии фарохи Зариф ҷинҳо ҷамъ шуданд, дасташро ба китфи ҳамраҳаш - марди қадбаланде, ки дар бар ҷомаи дарози банорас дошту саллаашро ба паси сар кардааст, ниҳод. - Мо ба гусели акаи Фахриддин омадем. Фахриддини ҷовандоза шунидагӣ ҳастед? Ин кас аз Фарҳори худамон. Ин дӯстамон Шарифхон аз Қундуз. – Зариф марди хурдҷуссаи либоси таҳҷоӣ доштаро нишон дод. - Бобояшона бобошон аз Самарқанди худамон.
– Ҳама худиҳо буданд-ку! - Мансур дар чеҳраи сафеди як замоне ғурурманди Зариф тарс ва маъюсиро мушоҳида кард. Ба Фахриддин даст додаю салом карда, ҷониби Зариф гуфт:
– Охирин маротиба шуморо дар ҷанги Бойсун дидам. Аз дур дидам, ҳангоме ки дар даруни бозор марди калағафсеро ба таги пешдукон тела мекардед. Ба ёд доред?
– Аҳ, - Зариф дилгирона даст афшонд. – Баъди ҳамон ҷанги бемаъно гурехта ба ин сӯ омадам. Ҳеҷ гумон намекардам, ки ин ҷо ин қадар сол банд мешавем. Ҳашт сол ба гуфтан осон. Соли гузашта қариб мекуштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор