Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гадоҳои касбӣ рӯпияро гирифта, бо овози баланд “Худо хайрашро диҳад” гуфт. Ба нафари дигар ҳам чунин рафтор кард. Ба рӯйи садақамедоҳдаҳо ҳатто нигоҳ намекунад. Дили Мансур таҳ кашид. Як ҳолати надомату нафратовари номаълум ҷисму ҷонашро фаро гирифт. Саросема ба ҳавои даст аз ҷайбаш як қабзи рӯпияро гирифта, ба кафи Ҳасан ниҳод ва боз ҳам мисли ҳашт сол пеш ҳарфе нагуфта, чашмашро бегона карда, гузашта рафт. Ба фикраш омад, ки худро шиносонад, Ҳасан ҳатман ба шиква хоҳад пардохт. “Писари Меҳрон будай? Меҳрони камон? Ошнои худам! Бубин ҳоли маро! Ҳоли Ҳасани чароғро! Ҳой, тамоми шаҳри Самарқанду навоҳии атрофро аз чароғи лампа таъмин кардаги ман! Баъзе мегуфт, ки пулаша баъд меорем, мегуфтам бар, бурду ҳоло ҳам пулаша наовардааст. Дар масҷидҳо ба умру ба касбу корам дуо мекарданд: мегуфтанд, ки ту ба ҳар хонадон рӯшноӣ овардӣ, пеши қорат ҳам рӯшан хоҳад шуд. Вале бубин, ки на сиҳҳатӣ монду на пешравӣ, на рӯшноӣ. Ҳама баръакс шуд”. Не, вақти ин суханҳоро шунидан надорад.

Ҳасан зиёд будани пулро дида, садо кард: “Ҳой, шумо кӣ? Ин тараф гардед! Шумо кӣ?” Мансур раҳораҳ даст ҷунбонд. Ҳасан баландтар садо кард: “Нашинохтам, наздам биёед. Шумо аз Самарқанд?” ва бо лингу муч омад. Мансур қадамашро тезонд. Дақиқае пас овози истеҳзомезии Ҳасан ба гӯваш даромад. “Маро шинохтед! Намешинохтед, ин пулро намедодед!” Пас ба таҳдид фарёд кард: Шинохтӣ! Шинохтӣ! Шинохтию аз шарм кафидӣ! Ҳо-о самарқандиҳои шарманда! Ҳо-о самарқандиҳои олуда! Ҳо-о самарқандиҳои...

Низом маҳдум овозро шунида, ақиб гашта пурсид: “Чаро аз асп фуромадед?”

Мансур ба ишораи “парво накунед”, даст ҷунбонд.

Камолҷон ҳам пиёда меомад.

Дар рӯбарӯи чойхона чанд нафар марсияхонҳои ҷандапӯш нишастаанд. Ду нафар ҷавонтарҳо чеҳраи гандумгун доранд, думбураашон пупакҳои калон дорад, бо овози баланд дам ба дам шеър мехонанд. Одамони дасткушод болои рӯймоли наздашон паҳнкарда пул партофта мегузаранд. Шеърҳоре, ки онҳо мехонанд, беҳад аламноканд. Мансур лаҷоми аспро кашида гӯш андохт.

Хубӣ, ку мувофиқе, ки дамсоз кунӣ,
Не ҳамнафасе, ки маҳрами роз кунӣ?
Вақт аст кунун зи Кобули дилозор
Озод бурун ойиву парвоз кунӣ.

Овози дигарӣ ширадортару танинандозтар аст:

Хубӣ, ба ту ором надидан то кай?
Аз дида сиришки ғам чакидан то кай?
Дар ҳиҷрати худ ба мулки Афғонистон
Сад маънаву дашном шунидан то кай?

пешина
аз 613
навбатӣ