Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ду даҳон гап дорам, - Климов розигии Рубеновро интизор нашуда аз ҷояш хест. - Полки 10-ум, ки ба Бухоро даромад, полки интернатсионалист. Навкарони аз армияи амир гурехта ҳам дар он ҳастанд. Ҷадидҳо низ ҳастанд, ки се-чор сол боз гуреза буданд. низ ҳастанд. - Ва бояд иқрор шуд, ки онҳо мардона ҷангиданд. Ақибнишинӣ ҳанӯз шикаст нест.
Дар толор тарафдорони Климов афзуд:
– Суханаш рост!
– Айбҷӯиро ҳар кас метавонад!
– Дар як рӯз се маротиба аз дарвозаи Қаршӣ даромаданд, - афзуд Климов. - Полкҳои 1-ум ва 4-уми савора он рӯз дар Чорҷӯй ҷангидаю он ҷойҳоро аз кӯшуни беки Чорҷӯй озод карданд, худашро асир гирифтанд. Ман онҳоро дар атрофам надоштаам!
Рубенов ин дафъа бо лаҳни мулоим, вале ба зарда гуфт:
– Дар ҷанг, рафиқ майор, аз лаҳзаи аввал то охир ҳама ҳисобу китоб дорад. Ҳисобро дуруст кардӣ, мебурӣ! Фаҳмо? - Рубенов ҷониби толор гашта суханашро идома дод: - Бале, ҷадидҳо талаб карданд. Онҳо умед доштанд, ки аскари амирро мезананду ба шаҳр медароянд ва халқ истиқболашон мегирад. Тахти подшоҳии Бухоро муборак бошад мегӯяд! Не, ин тавр намешавад. Кори олам он қадар саҳлу сода нест. Бояд ба ҳисоб мегирифтанд, ки Бухоро девору амури аскар дорад! Вайро бо ҳаёҳӯй гирифта намешавад. Вайро қувваю силоҳи рус мешиканад...
Бондаренко оҳиста аз Степанов пурсид:
– Ин ҷадидҳоро таъна мезанад?
– Аз рӯйи шунидам, ҷадидҳо зидди бомбаборони Бухоро буданд. Ҳоло ба ҳамон ишора дорад, ки бе бомбаборон кор мушкил буд.
– Дар ин масъала суханаш ҳақ, - гуфт Чернов. - Тахту тоҷро ба осонӣ гирифта намешавад. «Бо хун омадам, бо хун медиҳам». Ин шиори подшоҳони ҷаббор ва касофат аст.
– Ҷанг шурӯъ шавад, ҷадидҳо ба мо латма намедиҳанд? - пурсид Бандаренко.
– Ҳеҷ гуна латма дода наметавонанд, - гуфт Степанов. - Аз сари роҳ дурашон мекунем. - Ӯ маънидорона ба Чернов нигариста, афзуд: - Шояд бенизомиҳои дар роҳ дидаамонро мегӯед. Аз аҳволе, ки дар анбори озуқа дидем? Ва ба дафтарчааш нигариста афзуд: - Сарбозе, ки худро Сотиволдиев номид, аз полки Климов, сержант Яновитский аз полки таъйиноти махсус аст.
Чернов сар ҷунбонд ва ба ҷониби Бондаренко нигариста гуфт:
– Бе сухани мо ҳам Климов дар сари чарх истодааст. Аз таҷрибаи худ медонам, ки худписандӣ кардӣ, пешпо мехӯрӣ. Дар хотират ҳаст, дар ситоди Самарқанд Климов гуфт, ки Бухоро ҳар қадар қувва ҷамъ кунад ҳам, бо шамоламон яктарафа карда мегузарем. Шикасти полкаш ҷавоб ба ҳамон гуфтааш шуд.
Рубенов сардори шӯъбаи сиёсии армия Шестак Давид Абрамовичро хезонда, дар мавриди он, ки дар полкҳо бетартибӣ зиёд аст, дӯғу пуписа карда, пас нақшаи ҷангии пагоҳро баён намуд:
– Тартиби кор мувофиқи супориши сардори ҷабҳа чунин аст: Пагоҳ бояд ҳамаи қувва ба ҷанг даромада, муҳорибаро ба охир расонад. Батареяи Дудкин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё