Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
чанд нафар мегурезанд. - Ва бо оҳанги тахдор пурсид:-Климов, саратон сахт захмӣ шуд?
Климов ба саволи Рубенов ҷавоб надод. Аз ҷояш хеста ба пеши толор омад. Так-таки мӯзаҳояш хомӯширо халалдор мекард. Мӯзаю куртааш лойолуд, са-раш баста ва ҳиҷолатманд аст. Ба дили Чернов омад, ки Климов нимашро бой додааст. Маълум, ки аз шикасти рӯзи аввал хорӣ кашидааст. Охир ин ҳолат ба сари ҳар кас омаданаш мумкин. Кадоми мо бе камбудием?
Климов рубарӯи толор истода, сухан карданӣ шуд, ки Рубенов, «вақтро нагирифта воқеаи рухдодаро гӯед!» - гуфта фармон дод.
-
Мо як гурӯҳ аз воқеаи полки 10-ум, ки аз мо чор километр дуртар аст, огоҳ шудем,-гуфт Климов. Ҳангоми бозгашт дар ҷое, ки заҳоб ва ҳаргуна буттаву хорҳо рӯидаанд, мисле ки аз тағи по ғунҷишк мепарад, як тӯда одамон аз бехи буттаҳо хеста ба мо дарафтоданд. Баъзеҳо дар бар линоси аскари сурх доштанд. Ростӣ, мо дар аввал дасту по хӯрдем. Онҳо аз мо хеле зиёд буданд. Дувоздаҳ нафари моро зада афтонданд. Мо ҳам чанд тани онҳоро задем.-Кли-мов хомӯш шуду боз суханавро такрор кард:- Нохост аз тағи буттаю дарахтҳо хестанд.- Ва ба ҷояш рафта нишаст.
-
Чанд асп бой додед?- пурсид Рубенов.
-
Ба ғайр аз дувоздаҳ асп, ки соҳибонашонро зада афтонданд, боз панҷ аспи дигар захмӣ шуданд.
-
Дар ҷанг ҳаргуна ҳолат шуданаш мумкин,-Андреев ба тариқи мадоро ҷониби Климов нигарист. -Ин рӯзҳо аз сари мо ҳам гузаштааст.
-
Шумо медонед, ки маҷлиси ситод ҳаст, зудтар бармегаштед, он вақт ин кор рӯй намедод, - Рубенов ором намешуд. - Шахсан чунин бемасъулиятии шумо буд, ки моро дар рӯзи аввал зада аз шаҳр берун карданд! Таънаи «сурхҳо бой доданд»-ро шунидем. Чунин бемасъулиятӣ буд, ки то ҳанӯз дар тағи девори Бухоро нотавониамонро нишон дода нишастаем! - Рубенов ба хашм омад: - Климов, шумо ба кадом ақл полки бетаҷрибаи мусулмононро пеш-пеши қӯшун кардед? Ротаи 16-ум, полкҳои 1-ум ва 4-юми савораро барои чӣ дар ақиб доштед? Бори он ки худатон ҳимоя кунанд?! Бо ин кор шумо рӯҳияи ҷангии армияро коҳиш додед?
-
Рӯҳия дар ҷояш, рафиқ сардор, - тоқат накард Климов - Фаҳмидед, ки ҳоло чӣ гуфтанд? Қӯшуни амир аз шаҳр баромада меравад. Ҳатто овоза ҳаст, ки...
-
Истед!! Истед! - шӯрид Рубенов. - Ҳоло шумо гӯш карданро ёд нагирифтаед!... Ба хатои кардаатон низ сарфаҳм нарафтаед! Он армияе, ки аз ҷангалҳои домани Москва то ҳол ғалаба карда меомад, дар остонаи шаҳри пӯсидаи Бухоро аз дасти муллоҳо, аз дасти қӯшуни бо берданакҳои дақиёнусӣ мусаллаҳи амир шикаст хӯрдааст. Мардум дар сӯҳбату ҷамъомадҳояшон ана ҳамин гуна суханҳо гуфта, моро мазоҳ мекунанд. Акнун фаҳмидед, чӣ шармандагӣ кардед?! Ин овоза ба Москвеву он тараф то Ғарби Америка рафтааст. Шумо медонед, ки ин сухани одӣ нест!? - Лаҳни сухани Рубенов бештар оҳанги таҳдид гирифт. - Ин тарафи масъаларо сардори ҷабҳа, рафиқ Фрунзе, худаш ба шумо мефаҳмонад. Вай баъд аз ду рӯз ин ҷо меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё