Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Мурда ҳаст, – гуфт Столяров, – арк пури одам, масҷидҳо ҳам. – Хоҳед-нахоҳед, мурда мешавад. Имрӯз хостем масҷиди калони паҳлӯи аркро занем. Бинем, мардуми зиёд, қатор-қатор думбаҳошон ҷониби осмон дар намозҳоянд. Мо аввал бо пулемёт задем, ҳама намозро монда, ҳаросон ба дару девор часпида гурехтанд, пас бомба партофтем.

– Дар ҳақиқат қиёмат будааст-ку! – Марди айнакӣ боз овозашро баланд кард: – Дар шаҳр муллоҳо овоза кардаанд, ки қиёмати сағир сар шудааст. Яъне, қиёмати хурд. Беҳуда набудааст.

– Муллоҳо каромат кардаанд, – Рубенов ҷониби Файзуллоҳ Хоҷа маънидорона табассум кард. Ва аз Столяров пурсид: – Мардум аз шаҳр мераванд?

– Бале, мерафтагиҳо ҳастанд. Ман ба ин ҷиҳат эътибор надодам, – гуфт Столяров ва бо эҳсосоти бештар афзуд: – Қариб фаромӯш кардаам. Пилоти аз ҳама охир баргашта мушоҳида мекунад, ки ду гурӯҳи навкарҳо аз дусад нафарӣ ҳам зиёд, аз шаҳр баромада мераванд. Тахмин меравад, ки аскарони амир беҳуда будани муқобилиятро пай бурдаанд...

– Инро мо аниқ мекунем! – Рубенов нагузошт, ки Столяров суханашро то охир гӯяд ва фармон дод: – Пагоҳ шумо боз аркро мезанед, куҷои осоре аз амиру атрофиёнаш ҳаст, нест мекунед! Бинед, куҷое навкарҳояш ҷамъ мешаванд, заррае дудилагӣ накарда занед. Ва ба мушоҳида гиред, ки кадом мурғ ба кадом сӯ мепарад. Дар атрофи шаҳр дар ҳамаи дарвозаҳо назоратро қатъӣ кунед. То ки амир аз дастатон хато нахӯрад! Пагоҳ бояд ёздаҳ аэропланро ба осмони шаҳр бароред. Бигзор як бомба гирад. Лекин парвоз кунад.

Андреев ақибтар ғеҷида ба толор нигарист. Маълум буд, ки гуфтугӯи Рубенов маъқулаш нест.

– Пагоҳ нӯҳ мошин ба кор мебарояд, – гуфт Столяров, – чунки имрӯз ду мошин аз кор баромад, ба ланжерҳо тир расида, сӯрох кардааст.

– Хуб, аз аҳволи имрӯз ҳама огоҳ шудем. – Рубенов аз ҷояш хеста, ба суханаш идома дод: – Ба кори пагоҳ мегузарем. Чунон ки мушоҳида кардед, маҳсули кори имрӯза бисёр бад аст: ҳаштуду ҳашт нафар мурда, зиёда аз сад нафар бедарак, тахмин дусад сарбоз захм бардоштааст. Ва бар болои ин ҳама соате пештар аз полки 10-ум дувоздаҳ нафарро муҳофизони девор дар байни ду-се дақиқа зада куштаанд. Сарбозҳо аз касе напурсида ба воситаи сӯрохи назди дарвозаи Талипоч ба шаҳр медароянд, мисле ки сайёҳ бошанд. Дар он сӯ муҳофизон пинҳон будаанд. Онҳоро дар ҳалқа мегиранду бо корду камон ҳамла меоранд. Сипас мурдаҳоро луч кардаю таҳқир намуда, аз болои девор поён мепартоянд. Ин хабарро лаҳзае пештар ба ман расонданд. Чунин аст аҳволи мо. Аммо ба сӯйи шаҳр як қадам пешравӣ нест. Ҳарчанд пилотҳоямон мегӯянд, ки на дар арк ободӣ мондему на дар масҷидҳо.

Дар толор дақиқае хомӯшӣ ҳукмрон шудӣ пас Чернов савол дод:

– Сарбозони полки 10-ум ба чӣ зарурат ба шаҳр рафтаанд?

– Климов, сардори полкашон омад, худаш мефаҳмонад, – гуфт Рубенов ва бо истеҳзо афзуд: – Даме пештар қариб худашро асир мегирифтанд. Ва боз ҳам дар рости ҳамон гузаргоҳи касофат. Бештари ҳамроҳонаш мекушанд, худашу

пешина
аз 613
навбатӣ