Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Имрӯз нӯҳ аэроплани мо дар болои шаҳр кор карданд. Баъзе мошинҳо, ки нав буданд, ду маротиба ба парвоз хестанд. Ҷамъулҷамъ имрӯз чордаҳ парвоз доштем. Дируз арки амирро задем ва баъзе хонаҳои атроф, ки аксар аз они бойу буржуйҳо буданд, низ зарар диданд. Якчанд масҷид зарар дид. Баъзеашон оташ гирифтанд. Ростӣ, мо бештар аз бомбапартой ба масҷидҳо худдорӣ мекунем. Чунки дар саҳну атрофашон мардуми бисёр ҷамъанд.

Чернов аз оҳанги сухани пилот пай бурд, ки дар шаҳр бисёр вайрониҳо кардаанд.

– Аҷиб мардуме, масҷид хонаи Худо гуфта, даромада сарҳо ҳам бепарво мешинанд. – Овозе аз толор баланд шуд.

– Бале, мебинанд, ки масҷидҳо бо одамҳояшон метарканд, боз ҳам даромада мешинанд, – истеҳзо кард Столяров.

– Хонаҳошонро ҳам мезананд, пас куҷо гурезанд? – гуфт кадоме бо овози паст.

– Ҷанг ҷанг аст, рӯйи хотир накунед! – шиддат кард Рубенов. – Занед, то ки афкори динию андешаҳои дақёнусии ин мардум аз магзашон барояд! Аз масҷидҳо берун кунед, ки ба мактаб раванд! Вақташона ба китобхонию мактабхонӣ сарф кунанд, на ба масҷид! Асри бист асри зарбу зикру зиёдгӯй нест! Асри илму амалу инқилоб аст!

Аз ҳар тарафи толор овозҳои зидди ҳам баланд шуданд:

– Масҷиду мадрасаҳоро назанед!

– Масҷиду мадраса корхонаи муллоҳо, занед!

– Рафиқ Столяров, мо ин ҷо бар зидди амир меҷангем, – Андреев дасташро баланд кард. – Бештари он мардуме, ки дар масҷид қарор доранд, одамони мо мебошанд. Ба онҳо мазмуни инқилобро фаҳмонед, на ин ки занед. Ва дар хотир доред, ки масҷидҳо осори меъморӣ ҳам ҳастанд, таъриханд.

– Раҳмат ба шумо, ки ин суханро гуфтед! – аз толор кадоме овоз баланд кард.

– Чанд бомба бор мекунед? Даҳ-понздаҳ? – пурсид Рубенов.

– Не-е, чорто бор мекунем. Як бомба 16 килограм аст. Нюперҳо аз се дона зиёд намегиранд. Се кило бор ё шинел зиёд гирем, то баландии дарахти сафедор мебарояду дигар кӯдак барин по тиконда меистад, баланд намехезад.

– Эркаҳо!- марди айнакие аз толор садо баланд кард.

– Рӯзи аввал мошини худам қариб ба болои арк меафтид,-Столяров ба суханаш идома дод.-Ин ҷо шамол ки нест, як-як ба банди рема меафтем.

– Банди «рема»-ашро ба мо фаҳмон,- луқма дод кадоме.

– Вақте ки шамол намешавад, гармии замин якранг нест,-Столяров ҷониби толор гашт.- Дар он вақт мошин мисли киштиде, ки дар баҳри пурталотум афтидааст, болои поин ва гоҳе яктарафа мешавад, бар болои ин аз поён тирпаронӣ мекунанд. Ростӣ, касро ваҳм зер мекунад, ки мабодо тир ба чархи пеш, проллер ё мотор занад.

Ин дам лейтенанти холдор даромада ба гӯши Рубенов чизе гуфту аз пас сардори гурӯҳи якум майдор Климов сараш докапеч бо авзои парешон ворид шуда, дар қаторе ҷой гирифт.

– Дар шаҳр хонаҳои вайрон ва мурда бисёр аст? Ё ин овозҳо бардурӯганд?- Рубенов ҷониби Столяров нигарист.

пешина
аз 613
навбатӣ