Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Марди танадори рӯяш фарбеҳе, ки рутбаи старшина дошт, даромада ба чанд ҷои рӯи мизи воқеъ дар пешгоҳ коғаз монд. Дақиқае гузашту Рубенов бо атрофиёнаш даромад. Ӯ марди қадпасти, рӯяш паҳн ва мӯйлабдор аст. Ба мӯйи сари сиёҳи рост хестааш ҳар вақт даст мебарад. Сардори ситоди ҷабҳа Андреев бо якчанд коргараш ва ду нафар маҳаллӣ ки либоси урупоӣ доранд, омад.
Якеро, ки ҷавонтар менамуд, Рубенов дар паҳлӯяш шинонд.

– Ин одам Файзуллоҳ Хоҷаев, – Степанов ба ҷавон ишорат кард. – Оянда ҷойгири амир Олим.

– Ман ном ва кордориҳояшро бисёр шунида будаму худашро акнун мебинам, – гуфт Чернов. Ва ба назараш намуд, ки ин ҷавонро дар куҷое дидааст. Аммо дар куҷо, ба хотир оварда натавонист.

– Ин ҳам мисли большевиқҳои худамон чор – панҷ сол аст, ки дар гурезогурез буду бар зидди амир мубориза мебурд, – гуфт Степанов. – Лекин аз синфи дорост. Миллионер аст.

– Бойҳою амир якҷоя нестанд? – пурсид Бондаренко.

– Ин ҷо масъала каме дигар, – гуфт Степанов. – Ин ҷо ҷавонбухориҳо қариб ҳама аз синфи дорою донишмандҳо; Файзуллоҳ ҳам дар ҳамин қатор. Бештари муллоҳо ислоҳотро намехоҳанд, амир тарафи онҳоро гирифт ва шуд байнашон ҷангу душманӣ. Дар ду соли охир амир тахмин ҳазор нафар ислоҳотхоҳонро кушт.

– Бар зидди подшоҳ касе мубориза мебарад, ки ҳамсангаш бошад, – гуфт Степанов. – Камбағал на сӯи ислоҳот меравад, на бар зидди амир. Нону обаш бошад, зан гирад, ба дигар чиз ақлаш намерасад.

– Нахонед, ақл аз куҷо пайдо мешавад? – гуфт Чернов ва пурсид: – Файзуллоҳ забони русиро медонад? – Ин дам ба хотираш омад, ки Файзуллоҳро дар куҷо дида буд. Ҳашт – нӯҳ рӯз пеш дар назди дарвозаи ситоди Самарқанд ӯро ҳамроҳи Андреев дида буд. Мисле ки бо ҳам баҳс доштанд.

– Русидониаш хуб аст. Ҳамчунон ба немисӣ ва туркӣ хуб сӯҳбат мекунад.
– Офарин, дар Туркия хондааст?

– Бале, аммо бештари донишро дар хона гирифтааст. Солҳои охир дар Бухоро расм шуда буд, ки бойҳо фарзандҳояшонро дар хона таълиму дониш медиҳанд. Аз Олмону Туркия ва аз Русия муаллим меоварданд.

– Дар Русия ин кор сад сол пеш, ҳатто зиёдтар аз он шурӯъ шуда буд,-гуфт Чернов.-Муаллимҳоро бештар аз Олмон меоварданд.

Ин дам лейтенанти холдор вориди толор шуда, ҷониби Рубенов гуфт:

– Ба ғайр аз сардори полки 10-ум Климов дигар ҳама омаданд.

– Климов дар куҷо будааст? Мабодо асир нагирифта бошанд?-бо истеҳзо пурсид Рубенов. Ӯ саросема менамуд. Сардастаҳои полкҳо, бригадаҳо ва баъзан ротаҳоро хезонда, аз кори имрӯзаашон пурсид. Ҷонишини сардори эскадрилия марди миёнсинни тануманд ва гандумгунро ба исми Столяров хезонда, ба пурсиш гирифт: «Шумо аз баландии ҳолати фронт ва ҳам аҳволи шаҳрро мебинед:
ку, дидаву мушоҳидаатонро гӯед.»

Столяров аз қатор хеста, ба пеши толор гузашт ва бо овози андаке гирифта, вале бо лаҳни ғолибият гуфт:

пешина
аз 613
навбатӣ