Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

корро аз дарвозаи Самарқанду Қаршӣ шурӯъ мекунад. Гурӯҳҳои таҳти фармони рафиқ Чернов дар назди дарвозаҳои Қаршӣ ҷойгир мешаванд. -Ва Черновро хезонда супориш дод: - Бригадаи 11-уми худатон ва ротаи 15-умро дар пеши қӯшун ҷой диҳед.

Ба гурӯҳе, ки аз дарвозаи Самарқанд бояд ворид мешуд, капитан Бондаренко Николай Василевич роҳбарӣ мекунад. Ба ин гурӯҳ батареяи 3-юм, ротаи 16-ум, бригадаи 4-уми савора, ки дирӯз аз Красноводск оварданд, ҳамроҳ мешаванд. Полки 1-уми алоҳидаи мусулмонон низ ба он ҳамроҳ мешавад. Ба Бондаренко таъкид кард, ки ротаи 16-ум ва бригадаи 4-уми савораро дар пеши қӯшун ҷой диҳад.

  • Ротаи 7-уми сарҳадӣ, полки 2-уми савора, ротаи тирандози мусулмонон дар ҳолати омодабош истода, фармони маро интизор мешаванд. Бештари полкҳои тирандоз дар гирдогирди девор ҷой мегиранд. Тамоми даромаду баромадро аз боло ё аз сӯрохиҳои девор зери назорати қатъӣ мегиред. Дар назди дарвозаҳои ишғолшуда тӯпҳоро ҷойгир мекунед. Ҳарду поезди зиреҳпӯш бо ҳама аслиҳа ба нуқтаи фармуда омада, интизори фармон мешаванд! Аэростатҳо бояд лаҳзае ҳам дам нагирифта ҳолати шаҳрро нишон диҳанд, то мо дониста бошем, ки қӯшуни амир ба кадом кӯча ва ба кадом самт ҳаракат мекунад. Ронандаҳои зиреҳпӯшҳо, Богдан ва Василчук, шумо ҳаракати душманро назорат мекунед! Дар соати муайян, пас аз он ки батареяҳо дарвозаҳоро тасхир карданд, шумо низ ба ҳуҷум мегузаред. Дар вақти зарурӣ полкҳои тирандоз ҳам ба шаҳр омада, ҳама якҷоя тӯфони шадиди садои тиру дуду оташро ба сари шаҳр мерезед, ки душман аз ваҳм сар боло карда натавонад!

Бондаренко сарашро ҳам карда, оҳиста гуфт:

  • Ба чунин тӯфон на ин ки касро сар бардоштан намемонем, балки мардумро ба якборагӣ кару гунг мекунем.

Ин дам дар берун сару садоҳое баланд шуд ва аввал лейтенанти холдор даромада ба гӯши Рубенов чизе гуфт, пас сарбози газгӯшт ва мӯйлабдор, ки аз андомаш таҳҷой буданаш маълум буд, бо ситез аз дари толор даромада, рӯбарӯи одамони раёсат рафт ва бо овози баланди нешдор аз Рубенов пурсид:

  • Сардори армия шумоед?
  • Бале, ман!- Рубенов аз он ки сарбоз бе пурсиш даромад, қаҳролуд шуд.
  • Ман нав аз шаҳр омадам,- сарбоз яктарафа истод, ки овозашро ҳозирини толор низ шунаванд.- Имрӯз бештари қӯшуни амир аз шаҳр рафт. Чанде пештар худи амир бо як қисм наздикон фирор кардааст. Дар шаҳр дигар каси муқобилият мекардагӣ нест. Пас чӣ лозим ин қадар қувваи зиёдро ба шаҳр даровардану Бухорои валангору оташгирифтаро вайронтар кардан?
    Аз чор тараф ҳар гуна овозҳо баланд шуданд.
  • Рост, чӣ даркор мардуми бечораро озор додан?
  • Мо бар зидди мардуми шаҳр намеҷангем!
  • Ба шаҳр ҳатман медароем! Вагарна чаро ин ҷо омадем?!
  • Ба шаҳр медароем! медароем!
    Рубенов дасташро бардошта, толорро ором кард:
пешина
аз 613
навбатӣ