Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Шумо худро шинос накардед.- Рубенов ба сарбози мӯйлабдор муроҷиат кард. - Шумо рафтани амирро худатон дидед? Кӣ гуфт, ки ӯ рафтааст? Шаҳр дар муҳосира, роҳҳо зери назорат...
Лейтенанти холдор омада дасти сарбозро гирифта бурдани шуд, аммо ӯ дасташро ба шиддат кашида, ҳаяҷонашро фурӯ шинонда гуфт:
— Ман Беҳрӯз Бекзода, аз ҷадидҳо! Дар полки 1-уми алоҳидаи мусулмонон хизмат мекунам. Рӯзи якуми ҷанг мо бар зидди навкарҳои амир ҷангидем. Се сол шуд, ки амир маро аз шаҳрам рондааст. Хонаю дарамро подшоҳӣ кард. Имрӯз ба шаҳр даромадаю гурӯҳ-гурӯҳ аз шаҳр бадар рафтани кӯшунро дидам. Рафтани амирро аз мардум шунидам. Атрофиёнаш дидаанд, ки бо мардуми бисёре...
— Рафиқ Бекзода, «шунидам, фалонӣ гуфт!» дар кори ҳарбӣ қабул нест!
Ин сухани кӯча!- Рубенов аз ҷояш хеста Бекзодаро сухан кардан намонд ва бо шиддат афзуд: - Ҷабҳа ситод дорад ва нақшаи кору иҷрои нақша дорад! Фронт супориш гирифтааст, онро ману шумо мехоҳем ё не, иҷро мекунад, вассалому!
Ҳоло зӯри касе намерасад, ки пеши онро гирад. Ҳатто сардори ҷабҳа наметавонад! Ин кор монанди он аст, ки кӯдаки дар батни зан моҳу рӯзаш расидаро набарор мегӯед. Аз ин рӯ шумо ба коре, ки сарфаҳм намемеравед, ҳамроҳ нашавед!
Ва минбаъд бе иҷозат ба маҷлиси ситод надароед!
Бекзода сухан кардани шуд, аммо Рубинов пешдастӣ кард:
— Мо хабар дорем, ки ба ғайр аз амир дигар қувваҳо ҳам ҳастанд. Пагоҳ ҳамаш маълум мешавад.
Лейтенант аз дасти Бекзода кашида ӯро берун бурдани шуд. Лекин ӯ боз дасташро раҳонида, бо овози баланд гуфт:
— Ҳамроҳ нашав, будааст. Бухоро шаҳрам аст! Бояд ин ҷо зиндагӣ кунам!
Файзуллоҳ Хоҷа шумо бигӯед! Мо пагоҳ ба кадом рӯ бо мардум кору зиндагӣ мекунем?! Ҳафт пуштамона лаънат мехонанд!
— Хабари рафтани амирро аниқ мекунем, рафта бошад, намезанем,- овоз дод Файзуллоҳ Хоҷа.
— Рафтааст, нарафтааст, ба шаҳр медароем! — овоз медиҳанд аз толор.
Чернов ба чеҳраи кӯдаконаи Файзуллоҳ Хоҷаев зеҳн монд ва фикр кард, ки солаш аз бист зиёдтар аст. Оё сарварии ин аморати пур аз фитнаро ӯҳда карда метавонад?
Дар ин асно Файзуллоҳ Хоҷаев аввал ба Андреев чизе гуфту пас ба овози шунаво ҷониби Рубенов афзуд: — Ба ҳарду гурӯҳ гуфтан лозим, ки майдони Регистонро давр зада гузаранд. Он ҷоро вайрон накунанд.
— Чаро? Ба чӣ сабаб? — ҳайрон шуд Рубенов.
— Ба он сабаб, ки Регистон тамошогаҳ аст. Маҷмӯи биноҳои таърихӣ дорад.
Ҷойи муқаддас на фақат барои бухороиён, балки барои ҳамаи мусулмонони Шарқ аст...
Рубенов бо Андреев маслиҳат карду пас фармон дод:
— Ҳарду гурӯҳ майдони Регистонро давр зада гузаред! Нагузоред, ки касе дар он ҷо ҷанг кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё