Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз ним соат байни Чернову Семёнов раҳораҳ чунин гуфтӯгӯ сурат гирифт:

– Ин ҷуҳуд кай боз ҳамроҳи шумост? – Семёнов арақи рӯяшро пок кард. – Вай ҳоло ҳам мисли пеш суп-сурх менамуд.

– Як ҳафта пеш аз шумоён омада буд. – Чернов гашти аспоро суст кард. – Андреев бо таъкид фармуд, ки ягон ротаро диҳам, баъдтар ба штаб мегирифтаанд. Гуфт, ки фармони Фрунзе чунин аст ва хотиррасон кард, ки коргари НКВД будааст. Ҳамроҳи Троцкий кор кардааст.

– Ман ҳам аз дӯғу пӯписааш пай бурдам, ки коргари ҳамон идора аст, – гуфт Семёнов. – Авлоди Троцкий бошад ҳам, аҷабе не...

– Димитрий Попович, ротаи ту ҷудо. Ба вай гап назан. Чунон гард, ки гӯй ӯро назарат намегирад, – гуфт Чернов ва аз дилаш гузашт, ки ин Першини кулчарӯ дар бораи казакҳо хеле гапҳо ҷамъ кардааст.

–Яҳудиҳо казакҳоро бад мебинанд, – гуфт Семёнов маъюсона. – Троцкий дар суханрониҳояш рӯирост казакҳоро такягоҳи подшоҳ буданд, казакҳоро нест кардан даркор – мегуфтааст. Ва бисёр нест ҳам карданд. – Лунҷҳои ӯ мепариданд. – Фурсате пас ба суханаш идома дод. – Ҳукумат дар дасти яҳудиҳо, бо мо чӣ хоҳанд мекунанд, ба Русия ҳам. Беҳтарин фарзандони Русияро нест карданд. Байни болшевиқҳо казакҳо душманӣ андохтанд. Кор то ҷое расид, ки дар Дон зимистони соли гузашта казакҳо аз куштор ба ҷон омада, аз ночорӣ шӯриш бардоштанд. Генерал Калединро ба сари шӯриш оварданд. Вай дар ҳақиқат марди ҷанг буд. Дар ҷанги зидди Австрия сардори дивизии савораи 12-ум буд. Николай бо дасти худ шамшери Георгиеви тӯҳфа додаю бӯсаборонаш кард. Казакҳо ӯро ҳурмат мекарданд. Вақте ки бебарории корашро дид, худашро паронд. Пас дигар генералҳо ҳам ба ин кор ҳамроҳ шуданд, оқибат натиҷа ҳамин шуд, ки ба ҳамдастии хабарбару хабарбиёрони НКВД казакҳоро байни худ ҷанг андохтанд. Казакҳо бераҳмона ҳамдигарро мекуштанд. Баъди ин ошӯбҳои бемаънӣ ва задухӯрдҳо армияи болшевиқҳо даромада, мардуми бисёреро куштанд. Террори Сурхро аввал дар Дон татбиқ карданд. Касе аз бинӣ боло гап мезад, мепаронданд. Касе, ки тавони андозсупорӣ надошт, душман гуфта зиндон мекарданд. Ин корро одамони НКВД мекарданд.

Чернов ҳангоми дар Уральск буданаш чунин овозаҳоро шунида буд. Аммо нав фаҳмид, ки дар ҳукумат аксар яҳудиҳо кор мекардаанду ҳоло Русия дар дасташон будааст. Вучудашро ҳисси ғашноке фаро гирифт.

– Дар Уфа ҳам бо яҳудиҷанҷол карда будед? – пурсид Чернов.

– Ба шумо хабар доданд? – Семёнов ба чашмони мусоҳибаш нигарист. – Он ҷо маро ба ҷурми унсури бегона аз армия ҷавоб доданӣ шуданд. Кадоме аз одамони худашон овоза бурдааст, ки гӯё падарам аксуинқилобчӣ будааст. Пас аз он ки ҳуҷҷати ба сабаби несупоридани андоз суд шуданашро нишон додам, дигар кордор нашуданд.

– Ба ман касе хабар надодааст, – гуфт Чернов. – Боре Андреев гуфта буд, ки дар Уфа нисбати Семёнов нофаҳмие шуда буд. – Ва лаҷоми аспашро кашида бо овози пасттар пурсид:

пешина
аз 613
навбатӣ