Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Суханат ҳамин маъноро дорад! Тарафҳои мо мегӯӣ...Куҷост тарафҳои шумо?-Першин ин дафъа рӯирост маншаталаб шуд.
– Ман на ба мақсади душманӣ...
– Куҷост тарафҳои шумо? Гап зан! Ба гуфтаат далел дорӣ?!
– Тарафҳои мо Дон,-Семёнов лабханд кард ва ба тамкин афзуд: -Моҳи феврали соли гузашта газетаи «Большевистский Дон» ин воқеаҳоро навишта буд. Аз станитсаи Казанская, ки ман он ҷо зиндагӣ мекунам, дар чор рӯз наваду ду нафарро паронданд, аз станитсаи Еленская ҳаштод нафарро. Дар дигар станитсаҳо ҳам...
– Паронданд, паронданд,-истеҳзо кард Першин.-Албатта мепаронанд. Дони шумо порсол бар зидди давлати навбунёди Шӯравӣ хест! Соли пеш Красноватон хеста буд. Баъди он Каледину Сидорин хеста франсузу немесу киҳоеро ба ёрӣ даъват карданд. Аз дасташон бало ҳам наомад!
– Рафиқ летенанти калон, ман барои ҳамаи Дон ҷавобгар нестам. Аз номи худам мегӯям, ки се сол барои Русия бар зидди Австрияю Германия ҷанг кардам. Қариб ду сол мешавад, ки барои инқилоб меҷангам...
Манучеҳр наздиктар рафта баҳсро обрӯган карда гуфт:
– Имрӯз расо як сол мешавад, ки ман барои инқилоб меҷангам,- ва дасташро ба гардани аспи Семёнов ниҳод. Ӯ бо ин кораш намоиш дод, ки ҷонибдори Семёнов аст.
– Дар боло медонад, ки чӣ гуна кас аст!-Першин аз маншаталабиаш намеистод.- Шумо, казакҳо, на аз шӯриш сер мешаваду на аз куштор!
– Иля Львович азиз,-дар боло ҳамаш маълум бошад, чаро дар поён мо ӯро мекобем? Ба гузашта салавот мегӯему мемонем,-Семёнов дӯстона даст дароз кард.
Чернов ҳис кард, ки Семёнов суханашро ба истиҳола мегӯяд.
Першин дасти Семёновниро нагирифт. Ба шитоб рафта аспашро аз дасти сарбозе гирифту баргашта ба ғазаби ошкоро афзуд:
– Ман ба казак даст намедиҳам. Казак маънояш зидди инқилоб! Душман! Ин аниқ!
Ҳама интизор шуданд, ки дилсиёҳие рух медиҳад. Вале Семёнов бо ҳамон лабханди аввалааш афзуд:
– Львович, ин дунё чархи гардон аст. -Замоне казак шумоёнро «чуҳуди бӯъин» гуфта, на ин ки даст намедод, балки як тирпас наздик омадан намемонд. Ҳоло бошад, «чуҳуд» дасти казакро намегирад. -Семёнов тавакқуф кард ва якбора сурх шуда афзуд: -Ман тарафдори инқилоб, Львович. Лекин инқилоби бе «чуҳуд», фаҳмидӣ, бе ту баринҳо!
Чернов хатарнок шудани вазъиятро ҳис карда, назди Семёнов омад:
– Димитрий, ту одами боақл-ку! Магар ҳоло вақти баҳс аст.
– Бе чуҳуд ҳеҷ гоҳ инқилоб намешавад.-Першин худро болои асп гирифту афзуд:- Ақли шумо майзадаҳо ба инқилоб кардан қодир нест!
– Бас! Ба асп савор шав!-Чернов дасти Семёновниро гирифт.
Ин дам Амон савори аспи Манучеҳр расида омаду Чернов омирона фармон дод: «Ба аспҳо савор шавед!»

пешина
аз 613
навбатӣ