Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чернов хурсанд шуд, ки ҷавон ба гуфтораш устувор аст ва ҳам каму беш русӣ медонад. Манучеҳр ҳафтазе хизмат карду боре нимрӯзӣ ду ҷавонро ҳамроҳаш оварда, бо оҳанги шӯхӣ гуфт:- Якеро Амони Калта мегӯянду дигареро ҲАСАНИ Чувоз. Ҳарду мехоҳанд дар қӯшуни шумо хизмат кунанд. Чернов розӣ шуду пурсид: «Амона насабаш чист?» «Амони Калта навиштан гиред,- гуфт Манучеҳр.- Дар деҳа ӯро ба ҳамин ном мегиранд.» Ва ба инкор сарчунбонии Черновро дида афзуд: «Нависед, ки Амонов Амон.» Амон ҳам ин пешниҳодро тасдиқ кард.

Манучеҳр сарбози бебок баромад. Дар ҷангҳои Фарғона ҷасорату қатъият нишон дода, рутбаи сержантӣ гирифт. Ӯро хондан фиристоданӣ шуд, ки масъалаи Бухоро пеш омад.

Чернов аспашро нигоҳ дошт. Чилавдор Муҳаммадшариф таъкид кард: «Монед, рафта аз об сер шавад. Дар пеш ағба, об ҳаст ё не, маълум нест.»

Чернов наздик омада нигоҳаш ба ҷӯйбор банд монд. Аз ду соҳил алаф қади миён хеста гул кардааст. Аз ҳама зиёд қоқу аст ва ҳама ғарқи гул. Аз дур нигарӣ, мисле ки қади ҷӯй матои кабӯдранге кашида шудааст. Шапаракҳо ҳам бисёранд, ҷуфт-ҷуфт ба гулҳои дӯстдоштаашон шину хез доранд. Баъзан ба ҳам ҷосу талош кардаю дур мераванд ба замин бармеҳуранд, баланд шудаю боз ба гулҳо бармегарданд.

Чернов дар лаби ҷӯйбор лейтенант Семёнов Димитрий Попович, сардастаи рораи 15-умро, ки панҷ рӯз пеш аз Уралск омада буд, бо як гурӯҳ ёронаш дид. Сардастаи рораи 2-ум Першин Иля Львович, сардори батареяи 2-ум Гриша Дудкин низ дар ҳамин ҷо. Семёнов танашро луч карда, об гирифта, ба китфҳояш мерехт. Ба хотири Чернов суханони се рӯз пеш гуфтаи Андреев омаданд: «Сардори рораи 15-ум Семёнов Димитрий аз казакҳои Дон — марди ҷангдидаю батаҷриба аст. Дар замони подшоҳӣ дар корпуси савораи генерал Каледин бар зидди қӯшуни Австрия ҷангидааст. Дорандаи салиби Георгий; дар ҷанги Уфа чор моҳ дар полки 10-уми казакӣ ифои вазифа карда буд. Он ҷо як нофаҳмие рух дод. Лекин ӯ айб надорад. Тавонӣ, ёриаш кун.» Чернов дар ин рӯзҳо мушоҳида кард, ки Семёнов дар сӯҳбат ва гуфтугӯ нармсухану батамкин аст. Гоҳе мешуд, ки андешаманду маъюс менамуд. Ҳоло бошад аз сафари пеш гирифта хурсанд аст. Ба фуражка об гирифта, ба гардану пешонии аспи сафедаш рехт. Лаҷоми асп озод аст, ҳар бор ки соҳибаш пасу пеш равад, асп ҳамроҳаш меравад. Маълум ки ба соҳибаш сахт хӯ гирифтаасту забони якдигарро ёфтаанд.

Чернов наздик шуда ҷониби Семёнов шухӣ кард:

– Рафиқ лейтенант, ин ҷо Уралск не, ки аз хунукӣ гӯшҳо ях кардаю сӯзиш кунанд.

– Ин ҷо аморати Бухоро, — Семёнов табассум кард. — Дар Уралск аз хунукӣ рӯз надоштем, ин ҷо аз гармӣ.

– Ин ҷо боз як моҳ гарм мешавад.

– Бухоро ҳам ҳамин гуна гарм аст?

– Бухоро боз гармтар. Лекин ҳоло то Бухоро роҳ дур аст.

– Ҷанг кай шурӯъ мешавад?

– Пазмони ҷанг шудӣ? Пагоҳ, ки ба сарҳади аморат даромадем, ҷанг шудан мегирад.

пешина
аз 613
навбатӣ