Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

маро гирад, девона мешуд. Боре чӣ воқеа шуду ин дафъа вай бо худи Ҳаким як бардор ҷанг карда гирифту ба наздаш ариза гузошта рафт, ки аз кор озод кунад. Ҳаким гӯё ба ҳамин маътал будааст. Зуд телефоноро гирифту бо муҳаррир гуфтӯгӯ карда, маъкулдорам кунонд ва котиби масъулро «мувофиқи аризааш» аз кор озод ва ба ҷои ӯ маро таъин кард.

— Акнун, уқоҷон, хотири ман ҷамъ, — гуфт ӯ бо сафои хотир.— Вай то охири умраш дар ин ҷо кор кунад ҳам, газетачӣ шуда наметавонаду мон, ки рафта муаллимиашро кунад. Акнун уко, як гапи дигарро мегӯям. Ман ба Москва меравам. Ин масъала ҳал шудааст. Тарҷимони Совети Комиссарон мешавам. Дар он ҷо муҳаррири тарҷимонҳои тоҷик медонӣ кист?— даме хомӯш монд Ҳаким.— Худи Лоҳутӣ. Вай одами бузург, як, тарбиятгари аҷоиб, ду. Ту акнун аввалан кружоки адабиро ба даст мегирӣ. Сонӣ ягон шеър, ҳикоя, очерк ё мақолаи доир ба адабиётро намегузорӣ, ки бе ту ба матбаа фиристанд. Ман ҳамаро ҷамъ карда, инро мегӯям.

Ин хабари нохуш ташти маро аз бом афтонд. Ҳайрон шудам. «Ҳоли ман чӣ мешавад? То ин вақт чун ходими адабӣ, ягон чизро нафаҳмам, аз Ҳаким мепурсидам. Натавонам, мадад мекард. Ҳоло ҳам, ки сари вақт котибии масъулро қабул накунам». Ҳакими зирак аз авзоам воқифи рози дилам шуд магар, ки дилдорӣ дод:

— Дар пеши почта, телефону телеграф ҳар ду дунё як қадам, — гуфт ӯ.— Дар Москва тоҷикон пур-пур. Ҳар ҳафта як мақола ташкил карда фиристам-мӣ? Аз ҳамон ҷо истода ҳам, ба газетаамон ёрӣ мерасонам. Ин газетаи мо, газетаи ман аст. Кори вайро чӣ қадар дӯст медорам, ту, уқоҷон, тасаввур карда наметавонӣ!

Ҳамин тавр шуда Ҳаким Карим рафт. Кружоки адабибамон бетарк давом мекард. Газета низ бамазмун мебаромад. Лекин бояд аз рӯи инсоф бигӯям, ки акнун муҳаррирамон Саид Носиров монанди пештара фақат бегоҳӣ барои хондану имзо кардан ба газета намеомад. Фурсат ки ёфт, ба редакция намеомад. Сармақола менавишт. Мақолаҳои ҷиддии баҳсталабро хонда мебаромад. Аз ҳоламон ҳамеша бохабар буд.

Ҳаким Карим низ ба ваъда вафо кард. Чандин мақолаҳо ташкил карда, мақолаҳои аҷибро аз газетаю

пешина
аз 447
навбатӣ