Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

журналҳои дигар ёфта, тарҷума намуда, ба мо фиристод. Пайваста газетаамонро хонда, аз ҳусну қубҳи он мактубҳо менавишт. Ҳоло ман афсус мехӯрам, ки ҳамон мактубҳои ин устоди худро, ки дар онҳо дилсӯзиаш ба кори газета, ғамхориаш дар ҳаққи коркунони матбуот ва адабиёт инъикос ёфтаанд, маҳфуз надоштаам.
Ҳайф! Шояд ин мактубҳо дар байни хабарҳое бошанд, ки аз мухбирон мегирифтем ва баъд ба делоҳо дӯхта, ба архив мебурдем.

Зимистони ё соли сию ду ё сию се басе хунук буд.
Ҳарчанд ҷустуҷӯ мекардам, на дастпӯшак меёфтаму на телпаки гӯшпӯшдор. Тобистон дар мағозинҳо чанг зер кардаву дар анборҳо куяхӯрда мехобиданду акнун набуданд. Ночор ба Ҳаким Карим як номаи манзум навишта, шарҳи ҳоли каси хунукхӯрдаро кардам, ки чанд сатраш дар ёдам мондааст: Абдулҳакими меҳрубон, бошад фидоят ҷисму ҷон, аз шиддати сармони сахт, ҳам гӯли ҳам дастам ҷарахт.

Лутфе куну телпак фирист,
Як ҷуфт дастпӯшак фирист.

Дере нагузашта, аз Ҳаким ҷавоб омад, ки телпаку дастпӯшакҳои хуб харидааст ва як кас аз Москва онро гирифта ба Хуҷанд меояду бо ду дасти адаб месупорад.
Рӯзе дар идора менишастам, ки аз хонаи дигар овози касеро шунидам. Вай номи маро мегирифт. Фурсате нагузашта дари тақ-тақ шуда як ҷавони сурхинарӯи кабюдчашм, мӯи сараш хурморанг ва чипгила, қоматбаланд ва хушлибос даромад. Ӯ ба назарам гарм намуд. Ба хаёлам, ӯро чанд бор дар куҷоҳо дидаам. Аммо ба ёд оварда наметавонистам, ки дар куҷо буд.

— Ман ба шумо як хат овардам, — гуфт ҷавон вохӯрикунон ва чизи қоғазчеро рӯи стол ниҳода, аз киса конверт бароварда, ба ман дароз кард. Онро кушода хатти Ҳаким Каримро дидам.

Раҳим салом! Барандаи ин хат ҷавони хушқадду қомати руснамои бадахшонисуроб Мавлоно Дунған, яъне Зариф Шарифович Раҷабов мешаванд.

Тохта аз ҷоям бархостам. Мо бағал кушода вохӯрӣ намудем. Зариф телпаку дастпӯшакҳоро бароварда тақдим намуд. Мо зуд ба ту-ту гузаштем ба кӯча баромадем.

пешина
аз 447
навбатӣ