Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ҳаво чандон хунук ва чунон боди ба Хуҷанд хоси сахте мевазид, ки рӯи одамро гӯё харошида мегузашт. Зери по таҳ ба таҳ барфу ях. Андак эҳтиёт нашавед, лағжида меафтед.
— Дарёи Сирро ёд кардам, Раҳим, — аз даҳони Зариф ҳаври ғафсе мебаромад, — хайр-дия. Як пичи хунук мехӯрдаем. Меравем?
— Рафтем. Ҳаво сард. Аммо ниҳоят тоза. Аз ин ҳаво нафас гирифтан мазза асту халос. Лекин агар оҳиста равем, дар роҳ ях кардан мумкин аст. Биё, ки давем. Эҳтиёт шав, ки афтида наравӣ, — ба ӯ маслиҳат додам.
Аз кӯчаи паҳлуи хиёбони ҳозираи Камол рӯ ба ҷониби дарё тохтем. То ба лаби дарёи Сир расидан, дар масофаи қариб ним километр ягон касро надидем.
Сардии қаҳратун гӯё ҳамаро ба ҷириндиҳо ҷо карда буд. Дарёро, чунон ки хуҷандиҳо мегӯянд, ҷазаба гирифта буд. Саросар рӯи обро яхи ғафс пинҳон карда, кемаи асири ях дар лаби дарёи ноҷунбон меистод.
Аз ҷои пули кӯҳнаи Сир ба рӯи ях хоку паҳолҳо пошида аробаҳо, аспакию харакиҳо ва пиёдагон кам андар кам тозон-тозон ба он сӯ мегузаштанд. Он вақт тарафи рости дарёи Сир дар рӯ ба рӯи шаҳр иборат аз доманави хушку холии кӯҳ буд, ки фақат дар баҳорон дар ҳар ҷо-ҳар ҷояш исфанд ва чанд рӯз майса медамиду ҳаво гарм шуда, ки рафт, аз онҳо асаре дар сангреза боқӣ намемонд. Ҳоло ғайри мӯҳрапушти силсилаи кӯҳ дигар ҳама ҷоро барф пӯшида буду ба ҷуз чанд харсангҳои калони селоб ба домани кӯҳ гелонда фуроварда ва сагонаи офицери австриягиҳо ба асирӣ афтода дигар чизе ба назар наметофт.
— Яхмолак намекунем? — пурсид Зариф ва ҳанӯз ҷавоби маро нашунида, ба ях фуромада рафт ва моҳирона яхмолак мекард.
Албатта дар Москва лижатозиҳо карда, дар яхмолак усто шудааст — аз дил гузарондам. Лекин ҷуръати яхмолакбозӣ накардам. Бинобар ин, ягон панҷ дақиқа нагузашта, хунукӣ на танҳо аз либосҳои ман, балки, ба гумонам, аз ҷавшани ҷонам гузашт. Дасту рӯй, пой ва ҳатто гӯшҳорам дар зери гӯшакҳои телпаки нави чармабра аз камоли хунукӣ ба дарду сӯзиш даромаданд. Вале Зариф бошад, ким-чиҳо гуфта фарёд зада, то миёнаҳои дарё яхмол карда рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё