Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ӯ ниҳоят, аз афти кор, монда шуд, ки ба соҳил баромаду боз як бори дигар атрофу ҷонибро тамошокунон пурсид:
— Ҳунук хӯрдӣ?
— Ҳамту гуфтию мондӣ! Биё ки хунук назадан пеш, гурезем. Имшаб ба хонаи ман меой?
— Хонаи ту дар куҷост?
— Ман дар ҳавлии Баҳлулзода, дар рӯ ба рӯи аптекаи шаҳр истиқомат мекунам.
— Дар воқеъ, Ҳаким таъин карда буду аз ёдам баромадааст, — гуфт Зариф. — Ман дар ҳавлии вай чанд бор шудаам. Ӯ ҳанӯз ҳам дар Тошканд.
— Омадааст.
Дар ялангии Чоршанбе мо ба Юнус Ҳусайн вохӯрдем. Бод биниро мелесиду рӯйҳоро шалғамвор сурх карда буд. Аммо Юнус Ҳусайн моро рафтан намемонд. Бо як кори зарур ба ҷое мерафтаасту лекин дар чунин ялангӣ, ки аз чор кӯчаи чор ҷонибаш ба он ҷараёни сарди ҳаво гӯё омада мерехт ба гап мегирифт. Дидам, ки заҳри ҳаво ҳам месборад, зарраҳои шакаросо майдаи барфро бод дар ҳаво бозӣ доронда, ин сӯю он сӯ мебурд. Дар бурути Юнус Ҳусайн шӯша пайдо шуд. Заҳри ҳаво ба мижгонҳои маллаи Зариф ҳам часпида монданд. Ҳамин тавр боз чанд вақти дигар истем, ҳарчанд аз зарби хунук рақсопу ҷунбон бошем ҳам ях карда, ба ҳайкал мубаддал шудан мумкин аст.
— Домуллоҷон, мебахшед, — илтиҷо намудам ба Юнус Ҳусайн. — Рухсат диҳед, ки равем. Мо дар идора мешавем, биёед, сӯҳбат боқӣ.
— Ин қадар ту одами беқарор бошӣ! — гилагузорӣ намуд ӯ. — Хунук аждар нест, ки туро хӯрад.
— Намехӯрад-ку, куштанаш аниқ, — гуфтам аз дасти Зариф кашолакунон.
Мо рафтем. Юнус Ҳусайн ба тарафи дигар рафт.
— Як камбудии калони домулло андак сергапии ӯст, — гуфтам ман. — Набошад ӯ одами бебаҳо.
— Муаллими ҳаман матбуотчиёни шаҳрамон ҳамин одам. Аз ӯ бисёр баҳравар шудан мумкин. — Зариф ногаҳон истода, аз китфам кашид. — Ту ҳаҷви «Муштум»-ро дар бораи домулло дида будӣ? Надида бошӣ, ёфта бин. Каллан домуллоро ба як товус шинондаасту «Муштум» думи дарози вайро қайчӣ мекунад ва дар поён навиштааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё