Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Юнус Ҳусайн ёзадур,
Кӯп гапларни чӯзадур.
Муштум унга раҳм қилмасдан
Думин қайчи қиладур.

— Соз кардааст? Зеҳни домулло аз ин коҳида, ба журнал чанд вақт напавишта гашт. Лекин як ходими «Муштум» омада, меҳмони домулло шуда, аз дилаш бароварда рафт. Фақат баъди ин, боз чизҳои домулло дар саҳифаҳои журнал пайдо шуданд, — гуфт Зариф дар сурате ки аз хунук дир-дир меларзид ва лаб ба лабаш дуруст начаспида, суханонаш нимгурма мешуданд.

Тохта-тохта ба идора омадем. Даҳони печи девориро кушода, тарошаҳо партофта, дар алангаи он нишаста, доғ-доғ чанд пиёла чой нӯшида, ба зӯр як навъ гарм шудем.

— Дар ибтидои соли ҳаждаҳӯм ман дар сини дувоздаҳсолагӣ ба мактаби советӣ омадам, ки дар ҳавлии мусодиракардашудаи Мирзохонов буд. Уҳдадории
талабагон, худат медонӣ, он вақт ғайр аз нағз хондан
ва дар байни падару модарон ташвиқоту тарғибот бурдан,
дар деворҳои кӯчаю бозор часпонидани шиорҳои революсионӣ ҳам буд, ки онҳоро аз Москва, Тошканд ва Самарқанд мегирифтанд, — гуфт Зариф. — Дар ин шиору
варақаҳо аксар сухан аз қаҳрамониҳои ҷанговарони советӣ дар фронтҳои ҷанги гражданӣ ва аз вазифаҳое мерафт, ки дар бобати пойдоргардонии Ҳокимияти Советӣ
дар назди мардум истодаанд. Ғайр аз ин, аз мактаб ба
мо открыткаҳо медоданд, ки дар бозор ва чойхонаҳо ба
одамон, ба падару модарони худ диҳем. Инҳо суратҳои
К. Маркс, Ф. Энгельс, К. Либкнехт, В. И. Ленин,
Я. М. Свердлов, М. И. Калинин буданд. Дар қафои
онҳо «Интернационал» чоп шуда буд. Ман сурати Ленинро аввалин бор дар ҳамин хел открытка дида будам, ҳарчанд ки муаллим аз вай суханҳои бисёре ба
мо мегуфт. Ба мактаби мо ҳамин домулло Юнус Хусайн бисёр меомад, ки мегуфтанд ӯ инспектори маорифи шаҳр аст. Он вақт ӯ риш дошту тӯппии гулдӯзӣ,
ҷомаи дарози раҳдор мепӯшид. Муаллимон ӯро ҳурмат
мекарданд ва одами бомаърифат меҳисобиданд. Бо мададгории ҳамин домулло ва мудири маорифамон Қори
Ғафур Очилов ману дӯстонам ба тоҷикинпрос фиристода шудем. Аммо ба орзуи деринаам, ки ба Москва рафта

пешина
аз 447
навбатӣ