Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
хондан буд, расида, соли бисту чорӯм ба он ҷо рафтам ва аз рӯи насиҳати ҳамин домулло пеш аз ҳама дар зиёрати қабри Ленин шудам. Фақат баъди ин ба рабфаки университети давлатӣ рафтам. Соли бисту панҷӯм дар вақти таътил ба Хуҷанд омадам ва аз таассуроте ки аз зиёрати қабри Ленин, аз дидани хонаи Ильич дар Горки гирифта будам, очерки калоне навиштам.
Аммо намедонистам, ки дар куҷо чоп кунонам. Дар Хуҷанд газетаи чопи ҳанӯз набуд ва боварӣ надоштам, ки очеркро газетаҳои Тошканд ё Самарқанд чоп кунанд. Ана дар чунин асно рӯзе домулло маро дида монду фармуд, ки ба хонааш равам.
— Шумо, писарам, медонед, ки то ин вақт шаҳрамон ягон газета надорад, — гуфт ба ман.— Ман чанд гоҳ ин тараф орзуи баровардани газетаи девории шаҳрӣ дорам. Аммо афсӯс, ки ёрдамчиён нестанд. Биёед, писарҷон, дар ҳамин кор ба ман мадад кунед. Ба газета чӣ ном диҳем? Ба фикри ман, «Меҳнаткашлар товуши»
монем, хуб мешавад.
Абдулваҳҳоб ном як рафиқи мактабиамро гирифта омадам. Хабарҳои шаҳрро худи муҳаррирамон Юнус Ҳусайн тайёр менамуду ману рафиқам дар меҳмонхонаи бемизу курсӣ дар рӯи палос дароз кашида, аз ҳар шумора панҷ нусха менавиштем. Ман дар ин газета аз аввал то охир очерки ба Ленин бахшидаамро пурра чоп кунондам. Газетаамонро ба ҷойҳои намоёни шаҳр ба девор мезадем. Дар ҳангоми таътил мо се шумора газета баровардем. Бояд бигӯям, ки аз пагоҳ то бегоҳ дар пеши ин газетаҳо пиру ҷавон пур буданду ташнагони сухани матбуоти большевикӣ онро гашта-баргашта мехонданд. Аз ин ҷиҳат ман газетаи аввалини шаҳри Хуҷандро ҳамон газета мешуморам, ки бо ташаббуси домулло мебаромад, — пақли худро аз Юнус Ҳусайн ба охир расонд Зариф.
— Домулло ба кори газетамон ҳам мадади калон мекунад, — гуфтам ман. — Шумораи «Анбӯр»дори газета даст ба даст мегардад. Ба шарофати «Анбӯр» ҳаҷвнависон ҳам пайдо мешаванд. Бинобар ин, андак сермағзи домуллоро авф кардан мумкин.
— Баъзеҳо ҳар чӣ дар дил доранду медонанд, ба дигарон гуфтану фаҳмондан мехоҳанд. Домулло низ аз ҷумлаи онҳост. Акнун ту ба ман гӯй, ки маро пеш аз ин ҳам дида будӣ ё мешинохтӣ? — пурсид Зариф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё