Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Туро албатта чандин бор дидаам. Вале дар куҷо, ба ёдам намондааст. Аммо падари туро хуб мешиносам.
— Ҳамчун сардори шӯъбаи милисия ё сардори колоннаи Қарақчиқум?
— Не. Ҳамчун одами бофаросат, тараққипарвар ва инсондӯст.
— Ин сифатҳоро ӯ дорад,— болид Зариф.— Ман дар куҷо аввалин бор диданамро дар ёд дорам. Соли бисту ҳафтум дар куҷо мехондӣ? Оё дар Беҳбудӣ не? Ту дар митинги бахшида ба ташкил кардани фонди «ҷавоб ба Чемберлен» оё сухан нагуфта будӣ?
— Дар Чорраҳа? Нутқ карда будам.
— Ҳа, бале! Дар ҳамон митинг аз студентони ба таътиломада ман ҳам баромад карда будам.
— Акнун ба ёдам расид,— гуфтам ман.— Баъд магар ба фоидаи фонд концерт надода будем? Оё ту набудӣ, ки ҷомаи беқасаб пӯшида, миёнбанди шоҳӣ баста, сурудҳо хондӣ?
— Ту бошӣ декламация карда, як шеъри Айнӣ ва як шеъри узбакиро хондӣ.
— Шеъри Ҳамза Ҳакимзода буд.
— Аз ин мебарояд, ки ману ту хеле боз шинос ҳастем.
— Бо тарҷумаи ҳоли падарат зиёдтар мешиносам,— ҳикояи Муҳаммадризоро ба ӯ мухтасаран гуфтам ва онро ҳам гуфтам, ки боре ӯ ба мо, муаллимони оянда, дар бораи муборизаи муқобили бепарастории бачагон лексия хонда, ҳамаамонро қоил карда буд.
— Инкор намекунам, ки ӯ одами хушманд аст,— гуфт Зариф. Вай ба маънии ҳамаи воқеаҳою ҳодисаҳо зуд рафта метавонад. Вақте мо дар Андиҷон будем, падарам дар амал дида буд, ки мактабу мадрасаҳои кӯҳнаамон одамони замонро тайёр карда наметавонад. Ӯ ману бародарам Латифро ба мактаби русии маҳаллӣ бурд, ки директор ва муаллими забони он Назаров, одами сахтгир буд. Вай ба ҳуҷраи падарам бисёр меомад. Онҳо чой нӯшида, сӯҳбатҳои дуру дароз мекарданд. Дар яке аз чунин сӯҳбатҳо муаллим ба падарам гуфт, ки кирои хонондан ӯ писаронашро бояд дар Америка хононад.
— Америка мамлакати бойтарин, тавонотарин ва аз ҳама маданитарини дунё аст,— мегуфт Назаров,— Таҳсилро танҳо дар он ҷо давом додан даркор аст.
Ин маслиҳат ба падарам ниҳоят маъқул шуд. Дар

пешина
аз 447
навбатӣ