Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ин бобат ӯ андешаю мулоҳизаи худро дошт. Вай ба сифати гумошта супориши хӯҷаини худро ба ҷо оварда, ба фирмаҳои савдои рус пахта, меваи хушк ва пӯст дода, ба ивази ин ангишт мегирифт. Онро ба савдогарони майдаи Андиҷон мефурӯхт. Хӯҷаин аз гирифту деҳҳо баҳрабардори калон буд. Аммо падарам орому қарор нагирифта, шабу рӯз кор кунад ҳам, даромадаш хеле кам буд. Ғайр аз ин, ба фикри ман, ӯ бо намояндагони фирмаҳои рус муносибат пайдо карда, дониста буд, ки торочкунандагони сарвати беҳадди Туркистон гургони гурусначашм мебошанд. Фақат дар сурати аз байни мардуми Туркистон расида баромадани савдогарому ҳаннотони корҷаллон ва босавод, аз дасти савдогарони рус кашида гирифтани зимоми савдо мумкин аст. Аз ин рӯ, ӯ маро ба Америка фиристода хононданӣ буд.
Ба бахти мо хайрият ин орзуи падарам ҷомаи амал напӯшид. Мо дар мактаби русии маҳаллии Андиҷон ҳам дигар нахондем. Октябр омад. Моро аз роҳи хатои охираш нопамоён баргардонду ба шаҳри худ баргашта омадем. Ин тарафашро худат медонӣ. Дар Хуҷанд аввалин мактабҳои советӣ пайдо шуданд. Мушкилӣ кӯҳ-кӯҳ буд. На бинои мактаб буду на муаллим ва на китобҳои дарсӣ. Муллоёни иртиҷоӣ бошанд, мардумро метарсониданд, ки мактабҳои нав мусулмононро кофир мекунад. Ҳангоме падарам розӣ шуд, ки ба Самарқанд, барои хондан равам, баъзе маҳаллагиҳо ба ӯ салом надода монданд. Падар ҳамчун одами зирак пеш аз одамини муҳити худ фаҳмид, ки Ҳокимияти Советӣ ба халқ чӣ меоварад. Ӯ ман, Латиф ва додарзодагонашро, ки баъди вафоти падарашон дар парастории падари ман монданд, дар маҳалла аввалин шуда ба мактаби советӣ бурд.
Аммо акнун муаллими мактаби русии маҳаллии пеш-азинкилоб не, муаллими мактаби советӣ, Муҳаммадамини Махдум, ки як рӯз барои кор фармудан чанд нафар шогирдонашро ба ҳавлии худ бурд, аз мамлакатҳои дигар гап кушода, суханро ба сари Америка оварда, як сурати калони иморати осмонхароши он ҷоро нишон дода, тараққиёт, бой ва маданияти онро аз иморатҳояш ҳам баландтар бардошт.
- Дар дили одами ин мамлакатро надидагӣ армон мемонад, - гуфт ӯ оҳе кашида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё