Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ман ин сухани муаллимро ба падарам гуфтам. Ӯ
ба қаҳр омада, аз ҷой бархост:
Аз дусад пуд қанд маҳсум сохтанд,
Боз мегӯянд маҳсум бемаза...
гуфтани мардум бечиз нест,— гуфт ӯ.— Аз мамлакати худамон дида хубтару хушрӯтар мамлакате нест. Андак вақт намегузараду аз ватанамон дида, бою тавонотар мамлакат дар дунё намешавад. Чордаҳтаи Америка барин лофу қофчиҳо, ки ба мамлакати мо часпида, аз ӯҳдаи ягон бало набаромаданд, дон, ки зӯри зӯрҳо худи мамлакати мо. Роҳбари ин мамлакат Ленин аст, фаҳмидӣ?
Дар тааҷҷуб мондам. Ҳамон одаме, ки писаронашро ба Америка бурда хононда, коммерсант карданӣ буд, дар андак вақт зиракона ба сарфаҳми замон рафта, аз авзои он огоҳ шуда, то чӣ андоза дигар шудааст! Ин қисмати бисёри сокинони шаҳри майдаҳунармандон ва майдасавдогарони мо буд.
Аз ёдам нарафтааст, ки падарам ҳамон рӯз гуфт:
Ҳуббулватанам аз тахти Сулаймон беҳ,
Хору ҳасаш аз кашнизу райҳон беҳ.
Гап дар сари иморатҳои баландошӯёна бошад, онҳоро, писарам, дар Петроград ва Москваи худамон чӣ қадар, ки хоҳӣ мебинӣ. Барои хондан бошад, аз Москваю Петроград дида ҷои хубтар нест.
— Гуфтани падарам дуруст баромад. Дар Москва хонда, иморатҳои калони бисёрошёнаро нафақат дидам, балки дар яке аз чунин иморатҳо истиқомат мекунам,— гуфт Зариф хушҳолона.
Ин сатрҳоро навиштаравон аз пеши назарам хонадони докторон Раҷабовҳо мегузарад. Латиф Шарифович Раҷабов — укаи Зариф, доцент, ду амакбачагони Зариф — Солеҳ Раҷабов доктори илмҳои юридикӣ ва Дадо Раҷабов — доцент мебошанд. Зариф Раҷабов — доктори илмҳои таърих, аввалин олими республика, лауреати мукофоти ба номи Абӯалӣ ибни Синост, ки дар ин китоб аз ӯ муфассалтар ҳарф нагуфтан мумкин нест.
Дар байни он олимон, ки боиси ифтихори халқанд,
ҷои намоёнро Зариф Шарифович Раҷабов ишғол менамояд. Таъриху адабиётшиноси калон, педагоги соҳибистеъдод, мутатарҷими дӯстии халқҳои Осиёи Миёна

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё