Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
бо халқи рус, тӯдакаши илм ва арбоби намоёни ҷамъият, муаллифи чандин тадқиқоти илмӣ, тарбиятгари меҳрубон ва сахтгири хеле олимони ҷавони республикаҳои Осиёи Миёна, Зариф муаллифи дусаду чил асар, аз он ҷумла, сӣ китоб мебошад.
Раҷабов ду сол пеш ба ман китоби аҷоиберо, ки «Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин — самараи Октябри Кабир» ном дорад, фиристод. Рост мегӯям, ки ман вайро аз даст намонда хондам. Сию якуми августи соли чилу ҳаштум дари ин хонаи илм ба рӯи ҷавонон ва духтарони тоҷик калон кушода гардид. Халқе ки то Октябр ягон мактаби олӣ надошт, гӯё бо духтару писарони худ ба маъвои фанни ҳозиразамон қадам гузошту ба зинаи нав бардошта шудани маданияти худро ҷашн гирифт.
Чӣ қодиру тавоное буд Революсияи Октябр ва чӣ мӯъҷизаҳое нишон дод вай! Агар маорифи халқ бо ҳамон суръате инкишоф меёфт, ки дар ибтидои асри бистум дошт, он гоҳ аз рӯи ҳисоби китоб бесаводии халқи тоҷикро баъди ҳазору чорсад сол барҳам задан мумкин мешуд. Ҳоло ин халқ университет дорад ва он шасту панҷ кафедра ва бештар аз даҳ ҳазор толибони илмро дар бар мегирад. Зариф аввалин ректори ҳамин университет буд.
Зариф баъди хатми рабфаки университети дуюми давлатии Москва ба шӯъбаи таърихи институти таърих ва фалсафаи он дохил шуда хатм намуд. Дар аввали соли сию сейум ӯ аз рӯи тавсияи нахустин раиси базаи Тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттифоқ С. Ф. Олденбург ба аспирантураи институти Шарқшиносии академия дар Ленинград гузаронида шуд. Мавзӯи тадқиқоти олими ҷавон «Ҷадидизми Туркистон» буд, ки дар он асно басс актуалӣ. Зеро дар он давра каззобона будани мафкураи миллатпарастии буржуазияро аз мавқеи ҳақиқатан илмӣ фош ва расво намудан тақозои замон буд. Баъди чор соли меҳнати сахту мушкилӣ Зариф рисоларо ҳимоя намуд ва аввалин номзади илми кишвари худ шуд.
Аз қайду факт ба эпизоде аз ҳаёт мегузарем.
Як ҳикояи Мирзо Турсунзода ба ёдам расид. Ӯ рӯзе аз рӯзҳои соли пурташвиши сию ҳафтум Зариф Раҷабовро, ки чанд гоҳ надида ёд кардааст, ногоҳ дида мемонад. Дӯстон вохӯрии бағалкаш мекунанд. Дар ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё