Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ҳангом чашми Зариф ба як олимтароше афтода мемонад, ки ғайри худ ҳамаро «одами шубҳанок» мешуморид ва саҳифа-саҳифаи газетаҳои республикавӣ аз мақолаҳои «фошкунандаи» ӯ пур буданд.
— Шӯрамон хушк шуд! — мегӯяд пичиррос зада Зариф.
— Чӣ шуд? Худи гап чӣ? — мепурсад Мирзо.
— Шубҳазодаро дидам, — бо чашм ба сӯи ӯ ишора мекунад вай.
— Хайр чӣ, дида бошӣ, дидай. Моро аз ин чӣ бок?
Мо, ки доге дар домон надорем, аз чӣ метарсем?
— Э бародарҷоне! Магар ҳамаи онҳое, ки душмани халқ номида менависад, дар домани худ доғ доштанд?
Магар Раҳимбоев ё Ҳаким Карим аз ҷумлаи доғдорон буданд?
— Ҳақ ба ҷояш қарор мегираду бегуноҳ бошад, бармегардад. Ба хона меравем.
— Чӣ дорӣ?
— Модом, ки хона аст, ягон чиз дорад.
Мирзо Зарифро ба хонааш мебарад. Дар он ҷо тӯшбера тайёр будааст, ки мехӯранд. Вақти рафтан аз рӯи одамгарӣ Зариф ҳам ӯро ба манзили худ даъват мекунад. Ҳафтаи оянда Мирзо ӯро суроғ карда ба кӯчаи Шота Руставелии Сталинобод, ки Зариф дар он истиқоматгоҳ дошт, меравад. Ӯро наёфта аз касе мепурсад, ки хонааш дар кадом тарафи шаҳр дар кадом кӯча воқеъ гардидааст. Ба вай бо лабханд як катчаи чӯбини шалақи ба лаби ҷӯ гузошташуда ва як саҷоқи овезони танаи дарахтро аз ҳавлӣ нишон медиҳанд.
— Мирзоро дар кӯча дидам. «Ба хонаат рафтаму туро наёфтам» — гӯён қоҳ-қоҳ хандид, — мегуфт боре Зариф. — Лекин як сирри афзалияти он ҷоро аз Мирзо пинҳон кардам. Дар лаби ҷӯ гузошта шудани катчаи ман бесабаб набуд. Дар болои вай як бех дарахти калони чормағз буд, ки ҳосилаш пухта, лекин бинобар баландию суфтагии танаву шохаҳояш бачагон наметавонистанд, ки ба болояш баромада аффонанд ва сангу кулӯҳ ҳам намерасид. Меваи ин дарахт танҳо дар вақти бархостани бод мерехт, ман бошам, ба бачагон талошкунон чормағз меғундоштам.
— Зариф, дӯстам, ту бо ман ягон бор ҳикоя накардӣ, ки бо Ҳаким чӣ тавр шинос шуда будӣ, — пурсидам аз ӯ боре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё