Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Соли бисту якум дар дорулмуаллимини Самарқанд мехондаму дар вақти таътил ба Хуҷанд омадам. Дар ин ҷо дар байни онҳое, ки ба шаҳрҳои дигар рафта хондан мехостанд, овоза буд, ки мудири маориф Қориғафур Очилов ду гурӯҳи бачагонро ба Москва ва Боку мебарад. Бояд гӯям, ки ӯ сарбози маорифу маданият буд. Ба падарам тавалло кардам, ки маро ба Москва фиристад. «Охир худатон гуфта будед, ки барои хондан аз Москваю Петроград дида ҷои хубтар нест. Як ба мудири маориф во хӯред». Падарам розӣ шуд ва рафта гуфтугӯ карда омад. Худи Қориғафур нею каси дигар аз ходимони маориф моро ба Тошканд бурд, ки аз он ҷо мебоист ба Москва мерафтем. Лекин аз гурӯҳи мо фақат ду нафарро ба Москва фиристоданду ба мо гуфтанд, ки дигар ҷой нест. Бинобар ин, агар хоҳед, дар билимюрти Тошканд мехонед, ки муаллимонаш бақувват. Моро ба хобгоҳ бурданд. Дар ҳавлии беруни он ошхонае буд, ки ба мо таоми бепул медод. Дар столе, ки ҳар рӯз ман хӯрок мехӯрдам, як ҷавони миёнқади дӯстрӯ ҳам таом мехӯрд. Рӯзе ӯ куҷоӣ буданамро пурсид ва худашро шиносонд.

— Ман ҳам хуҷандиям. Ҳаким Каримзода. Аз Чуқураки Кӯпруки Баланд. Дар рабфаки университети Осиёи Миёна мехонаму дар хобгоҳи шумо истиқомат мекунам.

Мо ҳар ду унс гирифтему улфат шудем. Ҳикоя кардааст, ки падари қоқчаллобаш ба модари ӯ дар Қустанай хонадор шуда, Ҳаким дар ҳамон ҷо таваллуд шудааст. Аввал ӯ дар он ҷо ба мактаби маҳаллии русӣ хондааст ту лекин хатм кардан ё накарданаш ба ман маълум нест. Вале гуфта буд, ки оилаашон ба Хуҷанд баргашта омад. Ҳаким баъди хатми мактаб, соли бисту шашум ба Душанбе меояд ва котиби масъули комичроияи Кӯлоб таъин шуда меравад ва дере нагузашта, комиссари як отряди партизанӣ мешавад, ки вай саркардаи басмачиёни Кӯлоб Абдуллобийро дастгир намудааст. Ҳикоёт ва эпизодҳои ба ҷанги гражданӣ бахшидаи Ҳаким таассуроти амалиёте мебошанд, ки худи ӯ иштироккунандаи онҳост.

Дафъаи дуюм, ҳангоме ки ба Сталинобод омадам, ӯ котиби масъули Совети Комиссарони Халқии Тоҷикистон буд. Ӯро ба ин кор раиси Совети Комиссарони Халқӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев қабул намудааст, ки дар вақти котиби якуми комитети партиявии шаҳри Қӯқанд

пешина
аз 447
навбатӣ