Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

будан, Ҳакимро дар он ҷо дида аз қобилияташ хабардор шудааст. Ҳаким Қарим ана аз ҳамин вазифа муовини муҳаррири газетаи «Пролетари Хуҷанд» таъин шуда ба назди падару модар меояд, ки аз биё гуфта хатнависию рафта зориву таваллокунӣ безораш мекарданд.
— Ҳаким, ба андешаи ман, дар ҳикоянависӣ дар адабиёти тоҷик ҳамто надошт, — Зариф тааммул ва нигоҳе ба ман кард. — Ё ин муболиға? Ҳикояҳои майдаи ӯро гашта баргашта мехонаму ҳар дафъа лаззати тоза мегирам. Гапи байни худамон, шавку ҳаваси маро ба хондани асарҳои нависандагони тоҷик осори Ҳаким зиёд кардаанд. Ҷумла, ибораҳои мӯъҷаз, зарбулмасалҳои ширадори забони ҳикоёти ӯ мафтункунандаанд. Вақте ману вай пьесаи «Соли 1916»-ро навиштем, қудрати қаламашро хубтар донистам. Ӯ тақлидро бад медид. «Ҳатто ба ман онҳоҳ ҳам маъқул нестанд, ки ҳарфи каси дигар, мавзӯи муаллифи дигарро хубтар ва зеботар карда гуфтаанду гирифтаанд, — мегуфт ӯ. — Нависанда бошӣ, худат кову ёв. Аз ӯҳдааш набарой, мардумро гаранг накуну тахтаю тиракатро ғундор».
Худи ӯ ба ҳамин қонун итоат менамуд ва онро муқаддас медонист.
Тобистони соли шасту дуюм чун ба Душанбе омадам, телефон накардаю пешакӣ хабар надода, ба хонаи Зариф рафтам. Қариб се моҳи тамоман якдигарро надида будем. Гуфт, ки се рӯз пеш аз Канада ва аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка баргашта омад.
— Хӯш дӯстам, гӯй, ки Америкааш чӣ гуна? — ҳазломез пурсидам аз ӯ.
— Ҳамаи зарбулмасалҳои моро гирдоварию ба забони русӣ нағзакак тарҷума карда дастраси тамоми халқҳои мамлакатамон гардонӣ, онро бе ҳеҷ муҳобот дар қатори ҳикматномаҳои бузурги дар давоми асрҳои аср офаридашуда қабул мекунанд. Яке аз ин зарбулмасалҳоро дар ҳаққи Америка гӯй, бағоят муносибу мувофиқ мефарояд: Рӯяш ҳой-ҳой, дарунаш вой-вой...
Дар он ҷо ҳама чиз чараққосӣ, фурӯзон, вале дар амал пуч ва тира.
Барои рухсатномаи сафар ба сафоратхонаи Америка омадем. Дар он ҷо як зали майдаи мунтазирӣ ҳаст. Дар он сурати спортсменҳои американӣ овехта, дар зери ҳар яке он ба забони русӣ шарҳу баёни дароз навиштаанд.
Мехонию гумон мекунӣ, ки Америка ҷаннати рӯи замин

пешина
аз 447
навбатӣ