Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аст. Аммо дар он ҷо аз дӯзах, ки дар паҳлуи ҷаннат истодааст, чизе гуфта намешавад. Ман аз рӯи таҷрибаи худ медонистам, ки сафари диёрҳои дигар донишро зиёд мекунад. Худат медонӣ, чор сол пеш ҳамроҳи занам ман дар сафари Аврупо будам. Худи ҳамон сол ба Афғонистон рафта омадам. Дар Стокгольму Брюссель, дар Парижу Рим ва Афина будам. Ман дар он ҷо ду олами ба ҳам мухолиф, олами сарватмандону бечорагон, серӣ ва гуруснагии тоқатфарсо дидам. Барои мани муаррих ин дарси ибрат буд. Охир то ин сафарҳо капитализмро аз рӯи асарҳо медонистам. Чун рафта бо чашми ибрат дидам, тираву торӣ ва ҷаҳолати пинҳониро муоина намудам. На он маданият ва тамаддун, ки каззобони америкой бо он лофу қоф мезананд.

Дар соли панҷоҳу нӯҳум, хабарат ҳаст, чор рӯз дар Париж будам. Инкор намекунам, ки вай шаҳри зебост. Лекин ба ту мегӯям, ки Ленингради худамон аз вай зебост. Эҳтимол, ин аз он ҳам бошад, ки номи Ленин аввалин бор ба он шаҳр дода шудааст ва меҳри вай бо меҳри Ленин якҷоя дар дили мо ҷо гирифтааст. Ленинград дере боз робитаи мустаҳкаме бо тоҷикон дорад. Ҳанӯз солҳои бистум ва сиюми асри гузашта аз он ҷо ба Тоҷикистон басе экспедитсияҳои илмӣ меомаданд, ки сарватҳои табиӣ, таърих, этнография ва археологияи кишвар ҳарҷониба омӯхта шавад. Дар сояи ин китобҳои хубе навишта шуданд. Республикаи мо матбааи хуб надошт. Китобҳои дарсии тоҷикон дар Ленинград нашр карда мешуд. Нашриёти мо дар он ҷо шӯъбаи худро кушода буд.

Духтари Зариф Заррина, ки ба суханҳои падараш хомӯш ва ором нишаста гӯш медод, ногоҳ пурсид:
— Дадоҷон, ту дар он ҷо хондай?
— Бале, духтаракам, — ҷавоб дод Зариф. — Ту бояд фахр бикунӣ, ки падарат дар Ленинград дар аспирантура хондаасту муаллимони ӯ олимони машҳури рус П. Иванов ва А. Якубовский буданд.

Швейцария ба ман таассуроти калон гузошт. Дар он мамлакат Ленин қариб ҳафт соли умри азизи худро ба сар бурда буд, — гуфт Зариф. — Цюрихро ман зиёратгоҳ мепиндоштам. Ильич солҳои шонздаҳ ва ҳафдаҳ дар муҳоҷират мезист. Дар китобхонаҳои он ҷо кор мекард. Барои матбуоти ҳарбӣ мақолаҳо менавишт. Дар рӯзи якӯми ба он шаҳр омаданамон мо

пешина
аз 447
навбатӣ