Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
дар кӯчаи Шпигельгасс, дар хонаи панҷошӯенае будем, ки дар ошӯенан аз ҳама болои он ҳуҷраеро Ленин бо Крупская иҷора гирифта буд. Ин хонаи мӯзадӯзе буд.
Дар поёни тирезаи ин хона лавҳаи ёдгорӣ ҳаст, ки навиштаҷоташ ба забони немисист. Дар наздикии меҳмонхонаи «Базель», ки дар он истиқомат доштем, иморати калони китобхонаи шаҳрӣ ҳаст. Дар ин китобхона аксар вақт Ленин кор мекардааст, ки ин ба як столи он сабт гардидааст. Дар ҳар ҷо, ки будем, меҳри Ватан ва муҳаббати доҳиро дар дил ва сар доштем, — гуфт Зариф чун хулосаи сафарҳои хориҷии худ. Муқоисаи ҳаёт, озодӣ ин меҳру муҳаббатро афзун менамуд.
VII
Дар чаҳор боби гузашта ман шуморо, хонандаи мӯҳтарам, аз Чорраҳаи Леминобод ба кӯчаи Стаханов дароварда аввал бо Яъкубҷони фаранг ва хонадони ӯ, баъд бо ҳамин кӯча чанд қадами дигар ба ҷониби шимоли шаҳр гузошта, дар ҳамгашти кӯчаи Содирхони Ҳофиз ба ҳавлии Зариф Раҷабов оварда, бо аъзоёни оилаи ӯ — олимон шинос намудам. Акнун ману шумо то охири кӯчаи Стаханов, маҳаллаи Қӯшҳавз рафта ба тарафи рост бармегардему бо кӯчаи Войков маҳаллоти Таги Шоҳтут, Сари Баландӣ, кӯчаи Қалъаи Нав мебароем ва ба ҳавлии рақами 222 медароем, ки яке аз қаҳрамонони ин ҳисса дар он ҷо истиқомат дорад. Ҳавлӣ калону барҳаво. Дарахтони зардолу, олучаи солхӯрда ва токи баланд дорад. Ба яке аз пояҳои ток як банд испанд баста мондаанд. Агар ваъда диҳед ки гап дар байни худамон мемонад, оҳиста ба шумо мегӯям, ки модари қаҳрамони мо ба ҳосили дарахтону ток «чашм нарасад» гуфта онро баста мондааст. Як бор қаҳрамон аз ин ба қаҳр омада, испандро гирифту ба оташдон андохт.
Донаҳои бешумори вай ҷасар-ҷусуркунон сӯхт ва дуди он ба ҳавлӣ паҳн шуд. Аз миён андак вақт гузашту дар занги ток боз банди нави испанд пайдо шуд. Бигузор, истад. Ба касе ку аз он зараре нест. Лекин агар ягон одами эроду маънигире онро дида монад, оё айб намекарда бошад? — пурсид аз худ қаҳрамон ва онро номаълум боз гирифта партофтанӣ буду аз ёдаш баромад.
Ана дар ҳамин асно ману шумо ба ҳавлӣ даромадем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё