Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Қаҳрамони қисса — Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова чун ба истиқболи хешовандони наздик меҳрубонона ба пешвози мо пар-парон баромад. Сахтсахт дастҳои моро бо дастони нозук, вале симпаёна фишурд. Ба айвони равон — яъне девори пешаш сар то по тирезае сар карда гирифта даромад, ки аз он ба хона ба воситаи даҳлез даромадгоҳ ҳаст.
Тоҳироваро дере боз мешиносам. Мухбирини кунҷков, ки аз онҳо пинҳон мондан душвор аст, кайҳо ӯро таги чашм карда аз вай ба газетаҳо ва бештар ба газетаи шаҳрӣ менавиштанд. Суратҳои ӯро ман дар журналу газетаҳо гоҳо дар сари дастгоҳ, гоҳо бо дигарон дар ин маҳфил ё дар он маҷлис медидам. Сониҳо ӯро дар президиуми маҷлисҳо дучор меомадам.
Баъди як рӯзи хушхабари ба Ҳамроҳ Тоҳирова дода шудани номи Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ дар ёдам намондааст, чӣ гуна як маҷлиси шаҳрӣ даъват шуда буду ман ин ҷавонзани бедорбахтро дар президиуми он дидам. Вале он гоҳ фишурдани дасти муборакаш ба ман муяссар нашуд. Ӯ аз ман дур менишаст. Бо имову ишора салому алек кардем. Даме, ки ба ин маҷлис барои дер намондан мешитофтам, дар роҳ муҳаррири газетаи бисёртиражи комбинат «Абрешимчӣ»-ро дидам. Ӯ пеши роҳи маро гирифт. Пурсид, ки оё аз қаҳрамон шудани Ҳамроҳ Тоҳирова хабар дорам ё не.
Ва гуфт, ки газетаи ӯ тамоми шумораи махсусро ба ин воқеаи муҳими ҳаёти пиллакашу бофандагон мебахшад. Шумора тайёр аст. Муҳаррир ба ин ҷои сухан омада ба ҳарф оҳанги таваллоро дод:
— Худи дар поёни мужда барои муборакбодии шумо андак ҷой холӣ мондем. Илтимос: ҳашт-даҳ сатр нависед ва ҳеҷ набошад як рубоӣ ҳам гӯед. Шеър охир зебу зипати газета аст. Ба маҷлис меравед? Ман ҳам даъват шудаам, лекин вақти газетанашрист. Дар матбаа мешававам. Телефон мекунед ё телефон карда ёбам? Баъди ягон соат мусаҳҳехаро мефиристонам.
Розӣ шудам. Дар ҳақиқат ин воқеаи фараҳовари на,
танҳо ҳаёти коргарони комбинати абрешими шаҳри ман,
балки тамоми республикаи мост,— мегуфтам худ ба худ
дар роҳ.— Агар тавонаму чанд сатр шеър ҳам ба таҳнияти қаҳрамонзан бигӯям ба қавли муҳаррир зебу зинати газета мебуд. Дар президиум менишастам. Воиз
суханоне мегуфт, ки эътибор надодан мумкин набуд. Ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё