Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ҳамин минвол, қариб хаёли муборакбоднависӣ аз сарам дур шуд. Вале воиз аз номи ҳозирон Тоҳироваро муборакбод карду хоҳиши муҳаррир аз нав ба ёдам расид.
Ғулгулаву қафзанӣ хомӯш гардиду ба каси дигар сухан доданд. Ман аз фурсат истифода бурда ин чор сатрро ба сафинаам навиштам:
Муборак номи олӣ, қаҳрамонӣ!
Муборак шаъну шӯҳрат, комронӣ.
Ба ҳамроҳи шумо, ҳамшира Ҳамроҳ,
Намоем ифтихору шодмонӣ.
Рубоӣ, албатта, айни матлаб набаромад. Мани нимчашоир бадоҳатан аз ин хубтар гуфта наметавонистам.
Илова бар ин, худи ҳамон нафас, гӯё нигарон буданд, ки шӯққаи қоғазе ба дастам расид. Ин аз мусаҳҳеҳи газетаи бисёртираж буд, ки ба гирифтани Тоҳирова омадааст. Ба ақиби қоғаз чанд сухан гуфтаму ба охираш ҳамин рубоиро ҳамроҳ намуда додам. Танаффус шуд, ба хонаи паҳлӯ гузаштам, ба муборакбодии Тоҳирова шитофтам ва рубоиро ба ӯ хондам. Дар чашмони сиёҳи ҷавонзани гандумгун ва ситорагарм ифтихори нуҳуфта ва дар айни замон шармро дидам. Табассум дар гирди лабони зебои ӯ ҳалқа зада буд. Ӯ дасти маро фишурд:
— Наход ин байтҳоро ба ин тезӣ дар ҳамин ҷо гуфта бошед?
— Агар метавонистам, ба ин зудӣ ғазале ба шумо мебахшидам Ҳамроҳҷон,— гуфтам дар ҷавоб.— Шумо шуҳрати абрешимчиёни диёри худро афзун мекунед.
— Ҳамин тавр мо қавл ҳам додаем,— гуфт ӯ.— Дар мактаб муаллим ба мо мегуфт, ки Хуҷанд нафақат ҳамчун шаҳри сари роҳи абрешим, балки инчунин шаҳри кирмакпарварон, пиллакашу шоҳибофони гулдаст ҳам аз қадим боз машҳур аст. Дар замони мо бошад...
Ҳамроҳро дар ин асно миёнагир карданд. Табрик намуданд, шӯхию ҳазл намуда ваъдаи зиёфати калонро мегирифтанд. Ба ҳамин тариқ ӯро нагузоштанд, ки суханашро идома диҳад. Ин вақт кадоме хабари сар шудани концертрро овард. Ман бо узрхоҳӣ гуфтам, ки ба дидани вай фурсат надорам.
— Ин хел бошад, ҳамроҳ мебароем,— қаҳрамонзан пальтояшро аз либосовез гирифт ва ба пӯшиданаш ман ёрӣ додам.— Ман ҳам афсӯс, ки истода наметавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё