Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Дар хона меҳмонҳо интизори ман. Чӣ гап буд, ки ногуфта монд? — даме ба хаёл рафт Тоҳирова.— Ҳа, аз шӯҳрати бофандагони шаҳрамон сухан мегуфтем. Дар воқеъ афзун кардани шӯҳрати бофандагон ба зиммаи мо фуромадааст охир.
— Ҳамин тавр Ҳамроҳҷон. Бино ба қавли ровиёну воқеанависони Юнону Араб, сарбозону сипаҳдорони Искандари македонӣ ва сонӣ Қутайба аз Хуҷанд ба Юнону Арабистон ба занону маъшуқаҳои мубталои дарди ҳиҷрон чун як навъ тасаллию таскин матоъҳои маҳину хушобуранги абрешимию Хуҷандро мефиристонидаанд. Аз рӯи он ривоят ва нақлҳо пиллакашон ва бофандагони ин сарзамин ҳанӯз дар он замон дар ҳунар аз чиниён монданӣ надоштанд.
— Ҳозир чӣ?— пурсид Ҳамроҳ ва ба собит кардани даъвояш шурӯъ намуд.— Аз атласҳои «Гули шом» ва «Хуҷанд» кадом зан куртаҳои чойравак доштан намехоҳад?
Мо ба хиёбони Камол баромадем. Насим бӯи гули садбаргро, ки тамоми ин майдони калонро фаро гирифтааст, ба ҳар сӯ паҳн намуда буд. Фаввораи байни гулзор зарраҳои обро ба гирдаш мепошиду ҳаворо салқинтар менамуд. Дар хиёбон одам чандон зиёд набуд. Ду русдухтар, ки баланд-баланд хандидаву сухан гуфта аз қафои мо меомаданд, наздик шуданду якбора ба оҳиста ҳарфзанӣ даромаданд ва ба мо баробар шуда ба қаҳрамонзан салом ва даст дода вохӯрӣ карданд.
— Инҳо ҳамкорони ман Таня ва Нина Михайлова,— муаррифӣ намуд Тоҳирова.
— Магар, Ҳамроҳҷон Тоҳировна, шогирдони ман гуфта шиносондан гуворотар нест?— гилагузарона шаттагӯӣ намуд Нинаи сурхрӯй ва малламӯи газгӯшт.
— Шикастанафсӣ мекунанд,— гуфт Таня.— Мо шогирдони ин кас ҳастем. Ба мо ҳунарро ҳамин кас омӯхтанд. Ба гулгашт баромадед? Бинед, дар баҳорон ин хиёбон чӣ қадар зебост. Мегӯянд, ки дар ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ васфи гулу гулзор бисёр аст. Рӯҳи ӯро шод карданд, ки номашро ба ин хиёбон доданд.
— Чаро мегӯянд, ки: магар Камолро нахондаӣ?— пурсид Нина аз Таня.
— Иқрор мешававам, ки тарҷимаи ғазалҳояшро ҳанӯз наёфтам,— гуфт духтари то буни гӯшҳояш сурхшуда.— Ба ин худи ту ҳам айбдорӣ, Нина. Аз кадом касе мунтахаботи

пешина
аз 447
навбатӣ