Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ғазалҳои Камолро оварда медиҳам гуфтиву лекин...
— Лекин худат ҳам фаромӯш кардӣ. То бача нагиряд, модараш шир надиҳад, гӯянд тоҷикон. Чаро ба ёдам наовардӣ? Камолро хонданат даркор аст, Таня.
Лирикии ишқии ӯ олист. Шумо ба боғ меравед, Ҳамроҳҷон Тоҳировна?
— Не, аз маҷлис баромадем, Нинаҷон. Ба ҳавлӣ мешитобам. Дар хона меҳмон ҳаст. Вохӯрӣ кардему маъзурам, ки ин касро бо шумо шинос накардаам. Ин кас нависанда...
— Ой, чӣ қадар нағз, ки мулоқот намудем. Шинос мешавем,— Нина аз нав даст дароз кард.— Ман асарҳои шуморо хондаам.
Баъди ин Нинаи хуштакаллум моро хеле ба гап гирифт. Аз китобҷое ки хондааст ё таърифашонро шунидаасту на аз китобхонаи шаҳр ва на аз дасти дигарон ёфта наметавонад; аз он ки китобхонаи фабрика дар вақтҳои охир китобҳои нави бадеиро кам мегирад, комитети комсомолии фабрика мулоқоти нависандагонро бо хонандагон кам ташкил мекунад, ҳарф гуфт ва ниҳоят узр хост.
— Узрам бипазиред, ки шуморо бисёр ба гап гирифтам. Хуш монед, то пагоҳ Ҳамроҳҷон Тоҳировна.
Духтарон рафтанд. Сиёҳии шаб ғализтар ва чароғҳои маҳтобии хиёбон, ки аз назди бинои театр то соҳил дуқатора саф оростаанд, равшантар мегардиданд. Мо чанд қадам хомӯшона рафтем. Қуфли хомӯширо боз Тоҳирова шикаст.
— Падарам ҳам мегуфтанд, ки дар Хуҷанд аз қадимулайём касбу кори пиллакашию бофандагӣ зиёдтар дар авҷ буд,— ба сари сӯҳбатамон баргашт ӯ.
— Дуруст гуфтаанд,— балегӯй кардам.— Дар куҷое хонда будам, ки ҳанӯз соли ҳазору нӯҳсаду шашӯм дар Хуҷанд дусаду сӣ дӯкони шоҳибофӣ будааст, ки соле садубист ҳазор сӯмина шоҳӣ мебофтаанд. Аз дусаду чил маҳаллоти шаҳр дар аввали асри мо дар саду бисту шаш маҳалла пиллакашон ва саду даҳ маҳалла бофандагон будаанд, ки шоҳиди авҷи ин касбу кор аст. Шоҳию атлас, карбосу алоча, қаламию хосса, фӯтаю саллаҳое, ки дар шаҳри мо бофта мешуданд, ин тараф то Кашқару он тараф то Афғонистону Ҳиндустон бурда мешуданд. Лекин ҳозир...

пешина
аз 447
навбатӣ