Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Лекин чӣ? — бесаброна пурсид Тоҳирова. — Дар универмаги марказии Москва аз фурӯшандаҳо бо гӯ- ши худ шунидам, ки харидорон шоҳии Ленинободро мепурсанд.

— Инро инкор намекунам. Лекин мегӯянд, ки «Хон- атлас», «Нақоратлас»-и Марғелон дар тарафҳои мо харидорони зиёдтар дорад.

— Шумо гуфтани ҳастед, ки онҳо хушсифатта- ранд?

— Шояд ҳамин тавр бошад.

Тоҳироваро медидам, ки хомӯш монда лабханд ме- намуд.

— Мақоли оби дари кӯча қадр надорадро санад оварданӣ будаму бинам, ба ҷояш намефурояд, — пас аз тавақкуфе гуфт ӯ.— Чунки ташнагони ин об — харидо- рони атласҳои худамон кам нестанд. Таассуф, ки кор- чаллонҳоимон аз камёбии вай баҳра мебаранд. Чӣ илму амал мекунанду аз куҷоҳо меёбанд ва ду баробар қиммат мефурӯшанд. Ба қарибӣ як маҳаллагиамон ке- лин кард. Тарафи духтар дар байни моли домод атласи «Гули шом»-ро надида бӯғчаро саҳл мондааст, ки гар- донда фиристад. Модари домод мурғи посӯхта барин ба чор тараф давида як куртавории ин атласро аз даст ҳафтод сӯм дода харидааст. Беинсофиро бинед. Мебах- шед, гап ба тарафи дигар рафт. Вай гӯё дар сари аф- залии атласи Марғелон буд. Мегӯянд, ки онро шуста- шуста мепӯшию рангаш дигар намешавад. Лекин аз шустан то шустан фарқ ҳаст. Яке ғофилона ба оби гарми ҷӯшон андохта бефарқона собун мезанад, ба офтоб бароварда тунук мекунад. Дигаре ба оби ширгар- ми омехтаи сирко мешӯяд ва ба соя чаппа карда овех- та мехушконад ва дидед, ки ранг дигар нашудааст. Шу- мо «ҳа гуфта моли худро таъриф мекунед» — гӯён эрод нагиред. Инаш ҳам ҳаст, ки рангубордиҳӣ ҳунари калон. Раҳмати падарам мегуфтанд, ки абрбандӣ ҳунари сахту рангрезӣ аз вай сахттар аст.

— Пас падаратон ҳам аз қавми бофандагон бу- данд?

— Ҳа, абрбанд. Гулдаст буданд. Фақат атласбофони маҳаллаамон Қалъаи Нав ва Сари Баландӣ не, балки бофандагони ҳатто деҳаи Раззоқи шаҳр ва Рӯмон чиллаҳои кор, яъне абрешими ба бофтан тайёрро ба ҳавлии мо оварда ба навбат мемонданд. Шумо абрбандиро дидаед.

пешина
аз 447
навбатӣ