Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳунари вазнин. Дар хотирам мондааст, ки падарам... маро мебахшед муаллим, — Тоҳирова дар лаби дарё аз роҳравӣ бозистод. — Дар ҳамин ҷо хайрхуш мекунем. Сӯҳбат боқӣ. Шарикатонро пурсида монед.

Мо хайрбод намудем. Тоҳирова қадаммониро тез намуда рӯ ба омади об, лаб-лаби дарё рафта аз назар ғоиб шуд.

«Русдухтарон дуруст гуфтанд, ки ӯ шикастанафс.
Меҳнати фидокорона ӯро шӯҳратманд намуд. Қариб дар ҳама маҷлисҳои шаҳр ӯро ба президиум даъват менамоянд. Дар қатори аз ҳама қафо менишинад. Дар ҷашнҳои Якуми май ва Октябр ба минбари шаҳр мебарояд, ки аз наздаш бофандагони фабрикаи ӯ ҳам мегузаранд.
Ӯро бо чашм ҷустуҷӯ менамоянд, табрикаш мекунанд.
Ӯ аз шарм сурх мешавад. Ҳамроҳ Тоҳирова вакили съезди бистусеюми КПСС буд. Аъзои Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрии партия, депутати Совети шаҳрист, вале ин ҳама ӯро фурӯтан ва ҳалимтар мекунанд. «Ӯ ба достон меарзад» — ба дил мегуфтам ва худи ҳамон шаб ҳам азм намудам, ки ин бофандаи номӣ духтари киромии халкро ба ин асар дохил намоям.

Аз ин азму ҷазм мехостам ӯро огоҳ намоям ва илтимос кунам, ки фурсате ёбаду мусоҳиба кунем. Айнан дар ҳамин ҳангом хабари рӯзи кушодашавии пленуми навбатии Кумитаи Марказии партияро доданд. Хурсанд шудам, ки Тоҳироваро мебинаму фурсати сӯҳбат пайдо мекунем.

— Ҳамроҳҷон, — гуфтам ба ӯ дар танаффуси пленум, — ман ба ҷашни садсолагии В. И. Ленин асаре бахшиданӣ ва шумо бояд ба он дохил шавед.

— Раҳмат, ки ба ҳамин хел асар маро муносиб дидед. Лекин як шарт дорам. Ба номи ману ба коми ту гуфтанӣ гапе ҳаст. Чӣ мешавад, ки ба ҳамин муносибат фақат аз ман нею аз фабрикаи мо, комбинати мо ҳам нависед. Охир комбинати мо машҳури тамоми мамлакат аст, — гуфт Ҳамроҳ.

— Албатта, бе ин намешавад, вале пеш аз ҳама давоми он нақлро бояд шунавам, ки аз падаратон дар хиёбони Қамол сар карда бугед. Оё дар хотиратон ҳаст?

— Бале. Оё ҳамон рӯз набуд, ки шумо ба ман рубоие бахшидед?

Рубоии оҷизона.

пешина
аз 447
навбатӣ