Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Чӣ ки номед, номидан гиред. Аммо ман ҳамон газетатаро гирифта мондаам. Медонед муаллим, дар ин пленум эҳтимол ба ман сухан диҳанд. Худам пурсидам. Аммо ҳаяҷон дорам. Аввал не, ки дар ин хел маҷлис гап мезанам. Аммо ҳар дафъа ҳаяҷон карда гоҳе дасту по низ гум мекунам. Нотиқҳои ҳунармандро дида ҳавасам меояд.

— Барои ин ки нутқи шумо нағз барояд, навиштаҳои дигаронро он тараф монеду сухани дар дилатон бударо гӯед, — маслиҳат додам. — Он вақт билошак нотиқҳои тӯтибаёнро ҳам қоил мекунед.

— Маро шарм надоронед. Нутқи маро ягон кас навишта надодааст, худам навиштам, лекин маслиҳати шумо ба ман маъқул. Аспи аз тӯрба ем хӯрда истодагӣ барин аз қоғаз сар набардошта гап задан ҳам мушкил. Маърӯза бошад, гапи дигар.

— Хӯб гуфтед. Пас сӯҳбатро ба пагоҳ мавқуф мемонем?

— Чаро ба пагоҳ? Кори имрӯз ба фардо нагузор гуфтаанд. Баъди маҷлис во хӯрем, чӣ мешавад?

— Маро мебахшед. Ман мувофиқи супориши интихобкунандагонам бо баъзе масъалаҳо ба Совети Вазирон ва Госплан медароям. Мумкин аст бисёр овора шаваму...

Танаффус тамом шуд. Баъди ду каси дигар ба Ҳамроҳ Тоҳирова сухан доданд. Ӯ ба минбар баромада қоғазҳояшро кушода ба лавҳи он гузошту ба ҷонибам нигоҳ ва номаълумона лабханд кард. Нуткро аввал аз хондан сар кард ва сухан чун ба сари кор, ҳаёт ва орзуи бофандагон расид, гуфтор равон, балиғу озодонатари гардид. Ҳама ӯро хомӯшона шуниданд ва дар охири суханаш чапакзанӣ карданд.

Пас аз маҷлис мо ба ҳуҷраи меҳмонхонаи «Душанбе» омадем.

— Хуш омадед. Ана борҷомию чои кабуди талх ва мана конфет. Меҳрубон шаведу нақл кунед, Ҳамроҳҷон, — дархост намудам.

— Ташаккур. Аз чӣ сар кунем? Аввал ба ман гӯед, ки дар ҳамин наздикиҳо дар фабрика, дар комбинати мо шудед? — пурсид ӯ.

— Хӯб?

— Чунки ҳар рӯз як навӣ, як пешрафт ҳаст. Аз он бохабар будан лозим аст, ки...

— Рафтам ва боз меравам.

пешина
аз 447
навбатӣ