Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Нағз. Дар бораи мо навиштанӣ ки ҳастед, аз тарҷимаи ҳоли ман ҳам шаммае даркор будагист? Дар воқеъ қоғазу қаламатон канӣ?

— Ҳозир ман фақат мешунавам. Қоғазу қалам вақти навиштан лозиманд,— ҷавоб додам ман. Вале аз қиёфаи Ҳамроҳ намоён буд, ки ба ин ҷавоб он қадар бовар накард... Гап дар ин ҷост, ки ман дар вақти мусоҳиба қоғазу қалам намегирам. Онҳо халал мерасонанд. Бе сабаб нагуфтаанд, ки дар миёни рози муштоқон қалам номаҳрам аст... Мусоҳиб чун онҳоро мебинад, ҳайратангезона оҳанги сухан, маънии онро дигар мекунад. Одамоне ки гӯё дилашонро берун оварда, ба наздатон гузошта, розро ифшо карданианд, қоғазу қаламро, ки диданд, ба касони гӯё хушку холӣ мубаддал мешаванд. Суханоне мегӯянд, ки аз маҷлисҳо ва радио шунидашунида ёд кардаед.

— Аслан ҳамин тавраш нағз,— гуфт пас аз як дам Тоҳирова гӯё аз шаккокӣ пушаймон гардида.— Гапи байни худамон, агар ягон мухбир дар як даст қаламу дар дасти дигар дафтар ба дахонатон чашм дӯхта истад, ки аз он чӣ мебарояд, гапи мегуфтагиатонро ҳам гум мекунед. Падари ман Тоҳир Шодиев,— Ҳамроҳ оҳе кашид,— аз ҷумлаи он косибон буд, ки ба иғвою бӯҳтони душманони кори коллективӣ пуштипо зада, ҳанӯз солҳои аввали революсия гирд омада, аввалин артели бофандагиро ташкил намуданд. Баъд хиштҳо рехта, сангҳо кашонда ба бинокорони фабрикаи бофандагӣ мададгорӣ мекарданд. Ҳеҷ ҳашари фабрика бе падари ман намегузашт.

Ман дар онла баъди писар ба дунё омадам, ба вай ҳамроҳ шавад гуфта, Ҳамроҳ ном додаанд. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки маро ба мактаб дер додаанд. Модарам мегӯяд, ки касалию ошолуд будӣ ва бинобар ин ба мактаб бевақт рафтӣ. Лекин ман бемориро дар ёд надорам. Ба мактаб нӯҳсола рафтам. Шаш синфро тамо карда, ба синфи ҳафтум дохил шуда будам, ки ҷанг сар шуд. Раво-раво дар фабрикаамон, ба падарам хӯрок мебурдаму медидам, ки коргарон кам мешуданд. Ҳамаи онҳое, ки аслиҳа гирифта, ҷангида метавонистанд, ихтиёрӣ ва бо даъват ба фронт мерафтанд. Дар аввали ҷанг бо брон нигоҳ дошта мондани ҳунармандони номию устоҳо ҳам набуд. Ба фабрика занони хонашин, пирони нафақагир, ҷвононе ки дар замони осоишта

пешина
аз 447
навбатӣ