Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бояд хонанд, меомаданд. Падари ман ҳам нафақахӯр буду баъди ягон ҳафтаи сар шудани ҷанг ба сари кораш омаду маро ҳам ҳамроҳаш бурд. То духтарам бофандаи ҳунарманд шуда, ҷои маро нагирад ва то ҷанг тамом нашавад, ман аз фабрика намеравам гуфт.

Аз ёдам намеравад. Ин воқеа дар хонадони мо қариб сабаби моҷарои калон шуд. Лекин падарам гапи худро гузаронда тавонист. Гап дар ин ҷо ки модарам ба фабрикаравии ман ризо набуд. Эҳтимол ягон маслиҳатгари беғаразтарош «ҷавондухтарро ба фабрика намонед» гуфта бошад. Аммо падарам такрор ба такрор мегуфт:

— Ҳамин духтарамонро назарам гирифтагӣ, умед ин, ки ҳунарманди нағзу давомдеҳи касби падар мешавад.

— Чон, бибиҷон, ҳа гӯед, ба фабрика равам, — зорӣ мекардам ман.

— Алҳазару тавба! — гиребонро қапида модарам тааҷҷуб мекард. — Гӯр ҳамин касби бофандагӣ шавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки бофанда машав, ки зинда дар гӯр шавӣ. Ин касб барои мард зиндадаргӯрӣ бошад, барои духтар чӣ мешавад? Аз қадимулайём.

— Аз дунё як дунё ақиб мондӣ, зан, — мегуфт падари раҳматиам. — На акнун он чаҳак мондаасту ва он дӯкон. Ҳамаш нав. Комбинати абрешим пур-пури зану духтар. Директори фабрикамон ҳам зан, мефаҳмӣ? Қадимулайёматро ба як тараф мон. Аз ҳамин гирду атрофи худамон чӣ қадар зану духтаропро ном гираму хоҳӣ, бурда пешоб диҳам, ки пиллакашӣ, бофандагию ҳаштобгарӣ мекунанд. Онҳо номӣ шудаанд. Қанд барин пул кор мекунанд.

— Мӯл бошад мераваду кам бошад мерасад, мегӯянд. Пулёв мешавад гуфта, як духарчаи пилтатов баринро ба фабрика бурдан айб, — падарро аз гапаш дармононданӣ мешуд модар. — Ба касбу корҳои занона оё қаҳат задааст? Тӯппидӯзӣ ҳаст, ҷоку чилок ҳаст.

— Фақат барои пулӣв намегӯям, мефаҳмӣ? Ман мегӯям, ки духтарат зирак, меҳнатдӯст. Кор ёд гираду ҷонишин шавад.

Падарам аз дастам гирифта, ба фабрика овард.

— Ин корхонаро, духтаракам, худамон сохтаем, —
гуфт ӯ маро ба саҳни сояю салқини фабрикаи «Бофандаи сурх» дароварда. — Ҳамин фабрика маро аз дӯконҳои наму пургам, аз меҳпату машаққати бисёри даромадаш

пешина
аз 447
навбатӣ