Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

кам халос кард. Дар китоби дарсиат ҳасрати бофандаи бечораро албатта хондай.

Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ,
Чашмакам пур об шуд аз риштаҳои кандагӣ.
Қоматам дар тоб шуд дар зери бори бандагӣ,
Туф кунед, эй дӯстон, бар рӯи ин ёбандагӣ!..

Ҳамин фабрикаро дӯст дорӣ, маро иззату ҳурмат кардагӣ ҳисоб. Ана ҳо он зан директорамон Назокат Шокирова мешаванд, — падар номаълумона ба як зани сару либосаш муқаррарии миёнсол, ки аз цехи рангрезӣ бешитоб мебаромад, — ишора намуд. — Турфа зани боғайрат!

Шокироваи зирак аз ишораи падарам огоҳ шуд магар, ки бо чеҳраи кушода ба назди мо омада, вохӯрӣ намуда пурсид:
— Духтарро гирифта омадед? Нағз кардед. Ҳушёракак менамояд. Ҳа пагуфта кор ёд мегираду дидед, ки ҷойгиратон шудааст. Номат чӣ буд? Ҳамроҷон не? Дидед, амак. Дина як бор номашро гуфтеду ба ёдам мондааст. Бигузор дар иҷрои планҳо ва мададгорӣ ба фронт Ҳамроҷон ба мо ҳамроҳӣ кунад. Ба цеҳ гирифта баред. Ба кадом усто ки хоҳед, шогирд монед.

Ин муомилаи меҳрубононаи зани ситорагарм ҳаяҷони маро зуд фурӯ нишонд. Падар ба пеш даромаду ба цехи пургавғои бофандагӣ, ки ҳанӯз пурра механикӣ набуд, даромадем. Агарчанде, ки акнун бофанда мокуро бо даст намегузаронд, ресмонро беором мекашид, ки мокуро ҳаракат диҳад. Падар маро ба пеши як шиноси худ бурд, ки вай дастгоҳро аз ҳаракат боздошт.
— Ана Ҳамроҷонро ба наздитон овардам.
— Духтаратон ҳамин? — оҳанги саволи вай ба гӯшам сахт расида диламро ранҷонд. Гӯё ӯ мегуфт, ки «ин духтар ҳанӯз майдаю беҷонакак ба назар метобад, чӣ хел бофанда шуда метавонад?»

Қариб буд аз дасти падарам гираму ба тарафи дигар кашида гӯям, ки «ман шогирди ин одам намешавам, назараш маро нагирифт». Падарам гӯё аз андешаам воқиф шуд, ки гуфт:
— Шумо, уко, парво накунед. Дар майдагӣ тилло ҳам майда. Ҳарчи бошад ҳам устухонаш нони бофандагӣ катӣ шах шуда, чашмаш ба корамон пухтагӣ. Ҳа нагуфта нононро нимта карда мемонад.— Падарам баъд

пешина
аз 447
навбатӣ