Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ба ман рӯй овард. — Амакат одами боғайрату ҳунарманд. Ба корашон зеҳн монӣ, ба гуфтаҳояшон аз таҳти дил гӯш кунӣ, хуб мешавад.
Усто номаълум қадду қомати мани харобаку назарногирро аз назар мегузаронду барои наранҷонидани падарам шояд, гуфт:
— Хайр, хуб. Дар ҳамин ҷо монад.
Падарам рафт. Ман ҳанӯз дар қафои тиреза ӯро медидаму усто ба ман рӯ овард:
— Аз контора барои ту ягон кор ёфта диҳем, хубтар не, духтарам?
— Ман ҳунари падарамро ёд гирифта, бофанда мешавам, амак, — гуфтам қатъӣ усторо ҳайрон карда. — Шумо агар ба шогирдӣ нагиред, ба пеши устои дигар меравам.
Усто, ки дастгоҳро ба кор даровардагӣ буд, даст дар даста табассумкунон ба ман нигоҳ кард:
— Ту ба ман маъқул шудӣ, духтарак. Барои ҳамин шердилию шаттагӯият ба шогирдӣ қабул мекунам. Номи ту балоча чӣ буд? Хафа нашав. Забони мо мардум дағал бошад ҳам, диламон софу нарм. Номат чист, духтарам? Ҳамроҳ? Нағз. Ду писару ду укоям ба фронт рафтаанд. Аз писари хурдиам қариб ду ҳафта боз хат нест. Дили мапу модарашро гургон тала мекунанд. Бача як пораи дилу як лахтаи ҷигари падару модар аст. Худам ин ҷою хушам дар куҷо, намедонам. Ту духтарҷон, мӯйҳоятро ғундошта, ба сарат печон. Ба ногоҳ ба дастгоҳ нанечанд.
Устои то ин дам, ба хаёлам, дағалу номеҳрубон дар як он ба як шахси нармдил табдил шуд ва ба ҳолаш дилам сӯхт. Тағои ман Исмоил Турсунов, писари тағои калониам Ҷалил Бобоев, ки аз курси дуюми институти педагогии шаҳр ихтиёрӣ ба ҷанг рафту хабари шаҳид шудани аввалӣ омада, хонадони моро азодор карда буд.
Аз дуюмӣ — тағозодаам чанде боз хат намеомад. Дили озорнадидаро аз куҷо месӯфтед!
Ба ҳамин тариқ, ман бофанда шудам. Усторо азоб надодам, — ман дар чеҳраи қаҳрамон аломати хушнудиро дидам. — Аз миён ягон ду моҳи бутун нагузашта, мустақилона кор сар кардам. Аввал бофтани матоъҳои ғафсу дағалро медоданд. Сонӣ диданд, ки корам бад нест, бофтани матоъҳои абрешимиро низ супурданд.
Ман медонистам, ки ҳар метр матои аз супориш зиёд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё