Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бофтаамон рӯҳи тағои шаҳидамро шод мекунад ва шояд сӯзишу дарди ҷароҳати тағозодаи дар ягон шифохона хобидагиро кам ва сабук гардонад.
— Ҳар метри зиёди ин матоъ як тири тӯпест, ки ба тарафи душман парронда мешавад, — гуфт боре комсорг ва сардори бригадаи мо Нина.
Ҳамон шаб ман хоби аҷиб дидам. Бинам, як чилла кор парча-парча аз ҳам ҷудо шуду ҳар кадом печидапечида ба як тири калон мубаддал. Дар ҳамин вақт Ҷалил аз куҷое як занбӯракро гелонда оварду тирҳоро паи ҳам паррондан гирифт. Дар омади гап бояд гӯям, ки ҳамон Нина ба ман бисёр мадад кард. Ҳамроҳаш ба мактаби шабонаи коргарони ҷавон бурд. Завқи маро ба хондани адабиёти бадеӣ зиёд кард. Ман аз ӯ як умр миннатдорам. Ҳамон Нина буд, ки надидаю насанҷида ба шавҳарбароии ман ҳайрон ва норизо буд.
Бовар кунед, ки шавҳаршавандаамро баъди «фотиҳаю ноншиканон» фақат аз дур дидам...
Рӯзе аз рӯзҳо холабачаи Ҳамроҳ Тоҳирова — Нисолат, меҳмон шуда меояд. Ӯ Ҳамроҳро дидан замон, ҳингир-ҳингир механдад. Вақте ӯ сабабашро мепурсад, аз остини куртааш гирифта ба як сӯ кашида мегӯяд, ки оё ба шавҳар рафта истоданатро медонӣ? Ҳамроҳ карахт шуда мемонад. Ӯ агарчанде ки аз омаду рафти занони бегона огоҳ буд ва медонист, ки ба ҳавлии духтардор миёнаравон омада мераванд, ки табиист. Аммо намедонист, ки аз осиё ман омадаму ту мегӯӣ дӯл холӣ, ба шавҳар додаанд.
— Хайр, исто, ки шавҳаршавандаи ман кӣ будааст?
Нисолат боз қиқир-қиқир хандид.
— Йигити ба хизмати ҳарбӣ, ҳатто ба ҷанг рафта омадагӣ, мисгари гулдаст, — Нисолат зимнан мутасаддии ба шавҳарбароӣ розикунонии Ҳамроҳ шудааст, ки ба таърифи домодшаванда лаб мемонд. — Йигити ситорагарм. Бағайрат, хоҳӣ, туро бурда нишон диҳам.
Нисолат ба сари Ҳамроҳ қарси калонеро партофту худ ба пеш гузашта, ба растаи мисгарону тунукасозон бурда, дар он ҷо дӯконеро нишон дод, ки як ҷавони тану тӯшдор дар кӯраи мисгарӣ кафшеркашро сурх намуда, сӯрохии самовореро бо қалъагиоб мебаст. Дили Ҳамроҳ дӯк-дӯк задан гирифт. Аз чӣ бошад, ки дар хаёли

пешина
аз 447
навбатӣ