Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯ шавҳаршавандааш одами калонсол ва носалиқае буд. Аммо ҷавон кушодарӯ ва хушфеъл менамуд.

Чунон ки мегӯянд, никоҳашон гарм фуромаду чандон меҳрубонии якдигар буданд, ки дигарон ҳавас мекарданд. Ба тамошо, ба сайр, бозору дӯкон ҳар ду мерафтанд. Хушдоман, ки аз меҳрубонию аҳлии писару арӯс гӯё шод буд, рафта-рафта рашку ғашро сар кард ва ниҳоят кор то ба ҷое расид, ки ҳар рӯз як айб ва ҳар соат як бӯҳтон ҷуста ёфта, ба мазраи дили писар донаҳои ба миён овардаи хунукиро мепошид. Писар озор додани модарро намехост. Заҳри ҳасрату шикоятҳои вайро чашида-чашида, охир ба ҷон омада, худро ба мастию мадҳушӣ задан гирифт. Дар ҳолати маст ба зан, аввалҳо носазо мегуфта бошад, баъд дасти зананда пайдо кард. Хушдомани аз ин хурсанд, ба оташи моҷаро ҳезум мекашонду равған мепошид. Ӯ ба корравии келин мамоният менамуд:

— Ё шавҳарато гӯй, ё коратро!

— Ман аз фабрика дил канда наметавонам,— мегуфт Ҳамроҳ.

— Набошад, аз хонаамон меравӣ,— гуфт пӯписа
карда як рӯз шавҳар.

Ҳамроҳ худро ба ношунавӣ зад. Бардоштро беҳтар донист. Зеро аз шавҳари дар аввал мӯнису меҳрубон бо васвасаю шайтонати пиразани аз замону ҷаҳон бехабар гумроҳшуда ҷудоӣ чандон осон набуд. Вале муросо нашуд. Ӯ ду фарзанди хурдсол Муҳаббати сесола ва Муяссараи бистрӯзаро гирифту ба ҳавлии падар баргашт. Ин вақт ба сари хонавода мусибати дигар омада буд: акаи Ҳамроҳ — Шодӣ писари ягона, ки ҳам дар рабфак мехонд ва ҳам дар комбинати абрешим пиллакашӣ мекард, ногаҳон вафот намуд. Падару модари пир бесаробон монданд. Ҳамроҳ зимоми рӯзгорро ба даст гирифт. Дар фабрика аз ҳодиса огоҳ шуданд. Назокат Шокирова дучанд ғамгин шуд. Зеро ӯро ҳам хушдоманаш аз шавҳар ҷудо карда буд. Ӯро ҳам мехостанд ба фабрикаравӣ нагузоранд. Вай, ки яке аз ташкилотчиёни ин корхона буд, аз баҳри шавҳар, хонаю ҷой гузашту коргоҳашро тарк накард.

— Ба фабрика наравӣ, аз гуруснагӣ намемурӣ?—
дӯғ мезад шавҳар.

— Ман барои хонашинӣ офарида нашудаам,— мегуфт Назокат.

пешина
аз 447
навбатӣ