Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Ба фабрика равӣ, мекушам! — Қокулҳои дарози занро ба даст печонда, рӯзе шавҳар ба гулӯяш корд монд.
— Ман аз таҳдид наметарсам.
— Ман туро талоқ мекунам.
— Пушаймон намешудагӣ бошӣ, хуб мекунӣ.
Шавҳар девонавор занро ба оғӯш кашид. Бӯсид. Ба зорӣ даромад, гирист.
— Назокатҷон, ба ман нигар, ман намехоҳам, ки ба рӯи ту номаҳрамон нигоҳ кунанд.
— Ман зани ҳалолу покизаям.
— Беҳуда мешавӣ.
— Хато мекунӣ.
— Шайтон кам не.
— Агар зан домани исматашро доғдор карданӣ набошад, ҳеҷ кас ҷуръат карда, ба вай ҳатто хушомад зада наметавонад.
— Ин тавр бошад, дафъ шав!
Назокат тарки хонаи шавҳар кард. Ҷуз сару либосе ки дар тан дошт, дигар хасеро аз он ҷо набардошт.
— Гӯё ҳам хушдоману ҳам шавҳарони мо ба ҳам маслиҳат кардаанду ҳам ману шумо хоҳарҷонам, — Назокат табассуми маъюсонае кард.
— Магар, хоҳарҷони азиз, аз чунин корхонае ки падарам дӯстдориашро фармудаанд, моро ҳақиқатан озод ва ҳукмаш раво кард, гузар намудан мумкин аст? Асло не! — дар ҷавоб гуфт Ҳамроҳ.— Шавҳарони мо чувол-чувол пушаймон мехӯранду суд намекунад.
То андак шах шудани устухони кӯдак Ҳамроҳ пас аз отпуски баъди таваллуд боз чанд моҳи дигар дар хона шуд. Вале ӯ дар ин муддат дар абрабандии артели бофандагии Якӯми Май ба падар мададгорӣ менамуд. Падару духтар ба ин касб навиҳо дохил намуда, атласҳои гулашон наву тозае эҷод мекарданд. «Эҳтимол дида бошед, — гуфт ба ман Ҳамроҳ — ба ҷилсолагии республикаамон фабрикаи мо як рӯҷои базеб ҳадя кард. Харидорон онро як бардор карданд. Вай кори падари ман буд, абраашро ӯ баст». Дар ин миён ба фабрикаи «Бофандаи сурх» дастгоҳҳои мукаммалтар оварда шинонда буданд, ки аз дидани онҳо бофандазани ҷавон ба пӯсти худ намеғунчид. Вале ӯ инро ҳам медонит, ки дастгоҳи нав душвории нав ҳам меоварад. Боз чанде шогирд будан ва таълим гирифтан лозим аст, ки ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё