Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

қавли бофандагон забони машинаи навро ёд гирӣ. Аммо ин тӯл накашид. Раҷабов ном устое ҳамагӣ ба ӯ дувоздаҳ рӯз кор омӯхт. Нахгирӣ, нахгузаронию нахбандиро ӯ хуб медонист. Акнун тарзи нави ба моку найчаандозӣ ва мокуро ба қуттиаш дуруст ҷо карданро мебоист аз худ кунад. Ин чандон кори осон набуд.

— Агар моку хуб ҷо ба ҷо нашуда бошад, — мегуфт усто, — дар вақти ба кор даромадани дастгоҳ аз қуттӣ берун ҷаста, бо шасти зӯр ё абрешимро канда мепартояд ё фалокат аз таги по мебарояду ба худи бофанда мерасад. Ман ба чашми худ дидам, ки як бор моку аз қуттӣ берун ҷаста, ба тиреза зада, шишаҳояро пора кард.

Ҳамроҳ Тоҳирова ҳанӯз дар аввали мусоҳибаамон ба миён шарт гузошта буд, ки дар асар на танҳо аз ӯ, инчунин аз фабрика, комбинат ва одамони вай гуфта гузарам. Дар вафои аҳд, аввал ба комбинати абрешим рафтам. Кабинети директор аз одам пур буд. Гумон кардам, ки ягон маҷлис мегузарад. Лекин «раҳнамо»
ишораи даромадан гиредро кард. Чанд нафар, аз ҷумла директор Ҳабиб Бақоев ба болои коғазҳои рӯи стол паҳну парешон ҳам шуда буданду чунон банди дидани он буданд, ки аз кушода шудани дар ва даромада нишастани мо ҳеҷ кас огоҳ нашуд. Баҳсу гапгузаронӣ хайрият ба охир мерасидааст. Ду-се дақиқаи дигар давом ёфту халос.

— Албатта, чунин кор, ҳамчун нақшаи панҷсолаи ояндаи комбинат дӯлобкориро ҳаргиз намеписандад, — мегуфт Бақоев, гӯё мунозараро ҷамъбаст намуда, — лекин рафиқони азиз, кашолакорӣ ҳам набояд шавад. Вай ба ману шумо хос нест. Оперативӣ, ҳозирҷавобӣ, зуд ҳал карда тавонистани масъалаҳои душвор лозим аст.
Хӯш, ба ҳамин тариқ, имрӯз рӯзи сеюми март, баъди се рӯзи дигар, яъне шашуми март дар соати даҳ ҳар кас супориши гирифтаашро аъло ба ҷо оварда ҳозир мешавад. Ҳама розӣ? Ҷавоб, рафиқон.

Бақоев рӯ ба қафо тофта, маро дида монд. Узрҳоҳона вохӯрӣ намуд.

— Инҳо ҳама мардуми ҳисоби китоб ва статистика.
Ана аз ин кас сар кунам, сариқтисоддони мо Шамсиддинова, иқтисоддон Омина Ҳасанова, ҷонишини саринженер Темурҷон Мирҳолиқов, — директор аз як сар ҳамаро ба ман муаррифӣ намуд. — Муаллимро ҳама мешиносед?

пешина
аз 447
навбатӣ