Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Албатта. Мо плани панҷсолаи ояндаи комбинат-ро тартиб медиҳем. Як моҳи тамом ин тараф дувоздаҳ нафар мутахассисон машғули ҳамин коранд. Мегӯянд, ки кибернетика мушкилоти ҳисобу китобро осон мекунад. Оре. Салламно!

— Ҳатто фикру андешаатонро фаҳмонда тавонед, ки-тоб ҳам навишта медиҳад, — ҳазломез илова намудам.

— Хуб гуфтед, — Бақоев аз рӯи одат мӯи сарро ба қафо тела дода, дар рӯ ба рӯям нишаст.— Лекин ба шарти фаҳмонда тавонистан-дия. Мо ҳам машинаҳои ҳисобу китоб дорем. Ба ақлу фаросоташ қоилем. Аммо гапҳои ба ӯ мефаҳмондагиамонро пешакӣ, ана дар ин қоғазҳо бояд қайду сабт гардонем. Барои ҷавоби баса-воб саволи оқилона даркор аст. Хуб, рафиқон, ба шумо ҷавоб. Гӯё гапзанон кардем. Дар ҷамъомади оянда забони ҳеҷ кас калолате бояд надошта бошад. Барои коратонро хоҳонам.

Ҳама рафтанд. Кабинет ба назарам калонтар шуд. Телефон чарангос зад. Директорро аз Душанбе аз вазорат мепурсиданд. Управлениеи истеҳсолии кӯру гунгҳо хеле вақт пора-лаҳтакҳои комбинатпо мегирифту аз он ҳар гуна либосҳои бачагона дӯхта мебаровард. Соли гузашта худи комбинат цехи нав кушоду ба он цехи молҳои сермасриф ном ниҳод. Чил машинаи чокдӯзӣ шинонд, ки аз лаҳтакҳо сару либоси бачагона, дастархон, ҷилди болишт, сарбандҳои майда медӯзанд. Вай ҳар моҳ понздаҳ ҳазор сӯмина мол медиҳад. Дар соли ҷорӣ вай бояд дусад ҳазор сӯмина маҳсулот диҳад. Дар ин миёна ашъётаъминкунии управления лангид. Арзи онҳо то вазорат рафтааст. Аз он ҷо мефармуданд, ки коре карда ним тонна лаҳтак ёфта диҳанд.

— Дар миёни чор дарё тахтабандам кардай, боз мегӯй, доман тар макун, ҳушёр бош,— мегуфт Бақоев ҳазломезона.— Цехи навамон беашъё монаду планаш иҷро нашавад-чӣ?

Дар ин асно дари кабинет кушода шуда, сардори трести бинокорӣ Б. Мирзоев бо ҷонишини вазири бинокорон даромада омад. Бақоев мунтазири онҳо будааст ва даъвоҳо ба онҳо доштааст, ки омаданашонро фоли нек донист.

— Комбинат сол аз сол васеъ мешавад. Барои тамоми дунё либосвории ба ҳама мақбулу писанд бофта барор гӯянд, калонгарӣ нашавад, аз ӯҳдааш мебароем.

пешина
аз 447
навбатӣ