Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Аммо сад афсӯс, ки бинокор нестем. Вусъати бинокорӣ суст. Бе ин чӣ будӣ, аммма, ки лунҷи ту варам кард, гуфтаанд. Бинокоронамон бо ҳамин ҳам аробаи худро базӯр кашола мекарданду ба болои ин зимистони имсола қаҳратуну дароз шуда, бинокорон аз кор монданд. Барои онҳо, ки се моҳ дар зимистон дар берун кор карда наметавонистанд, моҳи март гӯё аввали сол шуд. Сохтмони як миллиону ҳафтсад ҳазор сӯминаи мо аз ин моҳ ба он ва аз ин квартал ба он монда меояд. Агар фабрикаи навро ба ид армуғон мекардем, дастамон боду кулоҳамон дар ҳаво. Шумо фурсат доред? — ногоҳ аз ман пурсид Бақоев.— Агар вақт дошта бошед, чангу ҷанҷоламонро бо рафиқони бинокор карда мегирему баъд ба хизмати шумо тайёр.

— Бемалол, ҷанг карда гиред.

— Барои нависанда ин ҳам чизи даркорист,— гуфт Мирзоев.

— Фабрика ба роҳи худаш бояд ҳарчи зудтар сохта шавад. Лекин агар тезтар истиқоматгоҳи умумиро буд накунед, қасам ба ҷонатон чорсаду сию ду касро, ки бояд дар он истиқомат кунанд, ба кабинети шумо мефиристам,— ҷанги худро сар кард Бақоев.

Ё аз ман шарм карданд, ё бинобар ҳозир будани муовини вазир, ки бебаркаш ваъдаҳо медод, мунозира он қадар тӯл накашид. Вале ҷонвари телефон, эй кош, ягон ду-се дақиқа хомӯш мебуд, ки ҳуши касро пароканда намекард! Қай гапҳои зиёдӣ, ҳолпурсиҳои дилбеҳузуркунанда аз миён мерафта бошанд? Аз он тарафи сим ҳолу аҳволи ин тарафи сим, саломатии худи ӯ, оилаи ӯ, кору борашро мепурсиданд. Баъзан, эҳтимол аз наёфтани гап бошад, аз боду ҳаво низ сухан мегуфтанд. Телефонҳои инвақта аҷоиб. Овози баланди он тарафи симро ба ҳамаи ҳозирон бараъло мешунавонад. Бақоев шарм мекунад. Кӯшиш менамояд, ки гапро кӯтоҳ кунад. Поси хотирдорӣ, одоб, гиребони ӯро сар намедиҳанд, ки гӯшакро тараққӣ ба ҷояш гузорад ё гӯяд, ки «ба шумо чӣ даркор?».

Директор котибро ба назди худ хонда, хоҳиш мена-мояд, ягон ним соат ӯро ором гузоранд.

— Гӯед, ки нестанд. Эҳтимол ба ягон фабрика рафта бошанд,— бо хиҷолат хоҳиш намуд ва рӯ ба ман овард Бақоев. — Ин материал барои ҳамон асаратон аст, ки дар он аз Ҳамроҷон сухан меравад? Албатта мо бояд

пешина
аз 447
навбатӣ